
Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ бахшида ба 73-солагии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба сокинон, иштирокчиёни ҶБВ-и ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ кумакҳои моддию молиявӣ иборат аз маводи озуқаворӣ расонида шуд.
Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнатро бо иди Зафар табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳатмандию рўзгори хуш таманно намуд.
Дар навбати худ иштирокчиёни ҶБВ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо нисбат ба иштирокчиёни ҶБВ, ятимону бепарасторон ва ободиву бунёдкориҳо изҳори хушнудӣ карда, миннатдорӣ баён намуданд.
Ҳамчунин, онҳо нақши Президенти мамлакатро дар пойдории сулҳу ваҳдати комил, оромиву осудагӣ ва зиндагии арзандаи мардум назаррас маънидод карданд.