Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохӯриҳо дар қисмҳои низомӣ

Вохӯриҳо дар қисмҳои низомӣ

28-12-2015, 07:00
Хабарро хонданд: 311 нафар
Назарҳо: 0
Вохӯриҳо дар қисмҳои низомӣ
Бо мақсади пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо, дуруст ба роҳ мондани омӯзиши қонунгузории амалкунанда ва Оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию давлатдорӣ, ҳифзи сарзамини муқаддаси Тоҷикистон, ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии афсарону сарбозон, Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ дар қисмҳои низомӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳавӣ вохӯриҳо баргузор мекунад.

Дар доираи амалигардонии мақсаду мароми зикргардида, муовини раҳбари Маркази мазкур Тағоймурод Орифӣ бо афсарону сарбозони дастаи ҳарбии сохтмонии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ва ротаи махсуси зудамали милитсия вохӯрда, оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати низомиён, ташаккули дониши сиёсӣ ва хуқуқии онҳо, дарки ватандориву ватандӯстӣ суҳбат орост.

Дар фарҷом афсарон ва сарбозони қисмҳои низомии зикргардида изҳор доштанд, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату ҳукуматро якдилона ҷонибдорӣ мекунанд ва хизмати Ватан-Модарро содиқона ба ҷо меоранд.
©Т. Орифӣ, муовини роҳбари Маркази тарғиботӣ ва таҳлилии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: