Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ҶАВОНОН БОЯД ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲАНД

ҶАВОНОН БОЯД ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲАНД

28-04-2018, 07:42
Хабарро хонданд: 380 нафар
Назарҳо: 0
ҶАВОНОН БОЯД ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲАНД
Баҳри иҷрои тадбирҳои пратаколи рақми 8 - и машварати назди Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби терроризму экстремизм ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақша - чорабинии якҷоягии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, прокуратураи шаҳр, шуъбаи корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд силсилаи мулоқотҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии шаҳри Хуҷанд доир шуда истодааст.
Чунин мулоқоти судманд рӯзи гузашта дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон бо иштироки раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, ваколатдори калони оперативии Шуъбаи корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, капитани милитсия Ҷабборов Шарафҷон, иштирокчии барқароркунандаи сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Рустамҷон доир гардид.
\ҶАВОНОН БОЯД ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲАНД
Чорабиниро муовини директор оид ба тарбияи донишкада Фаррух Аминов ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки дар ҷаҳони мутамаддин дар баробари пешравиҳои илму техника, ҳамчунин зуҳуроти хатарзои терроризму экстремизм рӯ ба афзоиш аст. Зеро паҳни иттилоъ ба дараҷае осон шудааст, ки ҳаракату ҳизбҳои мамнӯъ дар муддати хеле кӯтоҳ метавонанд, ҳадафҳои худро ба шуури аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон расонанд. Махсусан терроризму экстремизмро ба дини мубини ислом вобаста кардани қувваҳо амсоли ДИИШ, Салафия, «Ҳамос», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», «Ҷамоати исломӣ», «Ал Фаҷр», «Ҳаракат ул-Ансор», «Артиши имом», «Танзим давлат ул Иршод», «Ҷомеаи исломӣ» ва ғайра тангназарону таасубгаронро бештар ба худ ҷалб кардааст. Ҳадафи мулоқоти имрӯза баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон маҳсуб меёбад.
Дар баромади Маликисломӣ Наим Мунаввар зикр шуд, ки ҳар яки мо – сокинони кишвар новобаста аз синну сол, фарқияти ҷинсиву вазъи иҷтимоиро зарур аст, ки алайҳи терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем. Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод намекунад. Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад. Номбурда аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.
Ҷабборов Шарафҷон зимни маърӯза зикр дошт, ки дар ҳудуди вилоят даҳҳо оилаҳоро дучор омадан мумкин аст, ки фарзандҳояшон бинобар гумроҳӣ дар майдонҳои набарди Сурияву Ироқ фавтидаанд ё бе ному нишон гардидаанд. Зеро аксар аз надонистани оқибатҳои маргбори ин амал ба чунин гурӯҳҳо пайваст шудаанд. Номбурда омили асосии гаравидани ҷавононро дар фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ медонад. Дигар роҳи гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ паҳн гардидани адабиётҳои динӣ, ки аз ҷониби мубаллиғон ройгон дода мешавад, мебошад. Мавсуф аз таърихи пайдоиши ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба монанди «Ал- қоида», «Салафия» гузориши муффасал дода, эҳтиёткор буданро бар манфиати кор донист.
Шогирдон муваззаф гардиданд, ки дӯстону ҳамсабақони худро ҳушдор диҳанд, то даст ба чунин амалҳои номатлуб назананд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: