Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вохурии судманд

Вохурии судманд

9-04-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 202 нафар
Назарҳо: 0
Вохурии судманд
Баҳри иҷрои тадбирҳои протоколи №8 ҷаласаи машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд аз 26 феврали соли 2018 оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм ва барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 04 апрели соли ҷорӣ мувофиқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар он Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов, Ваколатдори калони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Шараф Ҷабборов ва иштирокчии сохти конститутсионӣ Шӯҳрат Назаров ширкат варзиданд.
Мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов зимни баромади хеш қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат ва аз они худ кардани ваколатҳои он мебошад.
Сипас, капитани милитсия Шараф Ҷабборов, Ваколатдори калони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин гуна ҷиноятҳо оварда мерасонад, маъруза намуда, зикр кард, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Иштирокчии сохти конститутсионӣ Шӯҳрат Назаров дар баромади хеш аз ҷумла қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм дар баробари вирусҳои компютерӣ дар шабакаҳои интернетӣ яке аз проблемаи асосӣ буда, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд ва аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки нисбат ба ин гуна амалҳо бетараф набошанд ва кӯшиш намоянд, ки пешқадами ҷомеа дар ҷодаи нигоҳ доштани ахлоқу одоб ва ба даст овардани ҳушёриву зиракии сиёсӣ бошанд.
Сипас, миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо доир гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: