Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Терроризм зуҳуроти номатлубу даҳшатовар аст

Терроризм зуҳуроти номатлубу даҳшатовар аст

18-04-2018, 09:15
Хабарро хонданд: 172 нафар
Назарҳо: 0
Терроризм зуҳуроти номатлубу даҳшатовар аст
Имрӯз баҳри иҷрои тадбирҳои протоколи №8 ҷаласаи машваратии назди Раиси шаҳри Хуҷанд аз 26 феврали соли 2018 оид ба пешгириҳои ҳодисаҳои номатлуби экстремизму терроризм ва барои босифат иҷро намудани нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода , ваколатдори калони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Шараф Ҷабборов ва иштирокчии сохти конститутсионӣ Абдуҷалил Ганиев ширкат варзиданд.
Олимӣ Рауф Латифзода чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро оиди барномаи машварат шинос намуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни баромади хеш қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари моро низ ба ташвиш овардааст, ин паҳн шудани ангезаҳои терроризм ва ифротгароӣ дар тамоми олам мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, бинобар ноогоҳии ҷомеа сол то сол сафи худро зиёд намуда истодааст. Бадбахтӣ он аст, ки ин нафарон ба дини мубини ислом ҷомеаи терроризмро пӯшониданӣ мешаванд. Аз ин хотир дар аксари Аврупо мусулмонбадбинӣ дар авҷ аст. Худи маънии терроризм маънии таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин мебошад. Боиси хушнудист, ки дар кишвари мо баҳри огоҳии комил ёфтан аз оқибатҳои хатарзои ифротгароиву терроризм чорабиниҳои муассир андешида мешавад.
Дар идомаи суханронии худ Маликисломӣ Н.М. аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи марзу бум аз ҳар вакта дида омода бошанд. Хизмат ба Ватан – Модар рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавон аст. Таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакат ҷиҳати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беназир мебошад. Хизмат ба Модар – Ватан вазифаи муқаддас буда, шарафёб гаштан ба ин рисолати бузург бахти ҷавонмардӣ, оини ватандорӣ, садоқати фарзандӣ ва нангу номуси шаҳрвандист. Махсусан ба хизмат рафтани донишҷӯён бо хоҳиши худ натанҳо обрӯ ва мартабаи ҷавононро боло мебардорад, балки он имкон медиҳад, ки дигар ҷавонон низ ба он пайравӣ намоянд.
Шараф Ҷабборов Ваколатдори калони оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин гуна ҷиноятҳо оварда мерасонад, маъруза намуда, зикр кард, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Сипас, миёни иштирокчиён ва донишҷӯён атрофи мавзӯи мазкур саволу ҷавобҳо сурат гирифт.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба якчанд нафар устодони фаъои донишкада дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбиро раиси кумиҷроия МаликисломИ Наим Мунаввар супорианд.
Дар охир директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода ба меҳмонони чорабинӣ ҷиҳати иштирок ва суханрониашон изҳори миннатдорӣ карда, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: