Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сухани ифтитоҳии Муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода С.С. дар семинари раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии водии Ҳисор. 20/04/2018.

Сухани ифтитоҳии Муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода С.С. дар семинари раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии водии Ҳисор. 20/04/2018.

25-04-2018, 16:40
Хабарро хонданд: 1052 нафар
Назарҳо: 0
Сухани ифтитоҳии Муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода С.С. дар семинари  раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии водии Ҳисор. 20/04/2018.

Ҳамсафони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Шуморо ба семинари раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии водии Ҳисор хайрамақдам мегўям.
Семинари мазкур дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ҷаласаи васеи КИМ ҲХДТ, ки рўзи 16 феврал дар сатҳи баланд баргузор гардид, аз фаъолияти солонаи ташкилотҳои ҳизбӣ натиҷагирӣ ва нақшаҳо барои соли равон мушаххас гардиданд.
Мову Шумо шоҳид будем, ки Пешвои миллат махсусан ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Аз ҷумла, зарур дониста шуд, ки сохторҳои ҳизбӣ, махсусан, кумитаҳо ва ташкилотҳои ибтидоӣ, ҳамарўза аз мушкилоти аҳли ҷомеа огоҳ бошанд ва барои ҳалли онҳо ҳамкории самаранокро бо мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд.
Тавре, ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ташкилотҳои ҳизбии мо бо нерўи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ба мафкураи мардум таъсир мерасонанд ва онҳоро ба корҳои созанда ҷалб месозанд.
Сухани ифтитоҳии Муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода С.С. дар семинари  раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии водии Ҳисор. 20/04/2018.
Боиси қаноатмандист, ки дар натиҷаи саъю талоши масъулони кумитаҳои иҷроия шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар кишвар ҳоло ба 4800 адад расидааст. Акнун фурсате фаро мерасад, ки мо бояд ба сифати қабули аъзои нав эътибори ҷиддӣ дода, ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем.
Шумо хуб медонед, ки муваффақияти ҳама гуна ташкилот ба фаъолияти пурсамар ва содиқонаи ҳар як аъзои он иртибот дорад. Дар ин замина мо бояд ҳамеша аз ниёзҳои мардум огоҳ бошем ва ҳаддалимкон дар ҳалли мушкилоти эҳтиёҷмандон кумак намоем. Қобили таҳсин аст, ки ташкилотҳои ҳизбии мо ҷиҳати дастгирии ятимону бепарасторон, қишрҳои ниёзманди ҷомеа, кўмак ба ҷавонону донишҷўён ва корҳои ободониву созандагӣ ҳамеша саҳмгузор мебошанд. Мо бояд корро дар ин самт тақвият бахшем ва дар ҳамкорӣ бо корхонаву муассисаҳое, ки аъзои мо дар онҳо фаъолият доранд барои боз ҳам ба таври густурдатар ба роҳ мондани ин иқдоми нек, талош намоем.
Солҳои охир як тамоюли хеле хубе дар кумитаҳои иҷроияи мо ба ҳукми анъана даромадааст. Аксарияти кумитаҳои иҷроия дар шаҳру навоҳии кишвар биноҳои худро бунёд намуда истодаанд, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон ҳизбӣ ва қабули шаҳрвандон мувофиқ аст.
Намунаи хуби он – ифтитоҳи бинои бошукуҳи кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Турсунзода аст, ки бо маблағи 1 миллиону 413 ҳазор сомонӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Албатта, дар сохтмони бино роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, фаъолони ҳизб, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва соҳибкорон саҳми арзанда гузоштаанд. Ин иқдомро бояд кумитаҳои иҷроияи дигар шаҳру ноҳияҳо низ пайгирӣ намуда, бояд базаи моддиву техникии худро тақвият бахшанд.
Дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб инчунин таъкид гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ дар маҳалҳо аз корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ба корҳои амалӣ рўй оранд ва бо иқдомҳои созандаи худ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои оинномавӣ ва иҷрои барномаи пешазинтихоботӣ саҳмгузор бошанд.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани Даҳсолаи амалиёти “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” далели равшани боло рафтани нуфузу обрўи байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Тавре медонем, аз моҳи марти соли равон даҳсолаи зикршуда оғоз ёфт ва он бояд як самти муҳими кори таблиғотии ташкилотҳои ҳизбии мо қарор гирад. Ташкилотҳои ибтидоӣ бояд аз тамоми имкониятҳояшон самаранок истифода бурда, масъалаи мазкурро ба мардум ҳарчи бештар шарҳу эзоҳ диҳанд. Бо истифода аз усулҳои замонавии таблиғ дар бораи муҳим будани ин пешниҳод, ки дар ҷаҳон пеши роҳи хатарҳои табиӣ ва техногениро мегирад, мулоқоту ҳамоишҳои ҳизбӣ ташкил намоянд.
Тақвият бахшидани кор бо занону ҷавонон ва дар ин замина таҳрик додани фаъолияти намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ин минтақа низ яке аз самтҳои асосии кори мо маҳсуб мегардад. Мо дар ин бахш бояд ҳамкориро бо ташкилотҳои ҷамъиятии занону ҷавонон тақвият бахшида, барои корҳои ташвиқотию таблиғотӣ аз нерўи онҳо истифода намоем.
Имрўз гурўҳҳое дар хориҷи мамлакат фаъол шудаанд, ки ба хотири ноором сохтани вазъи кишвар аз ҳамаи воситаҳо истифода менамоянд. Мардумро бо ваъдаҳои хушку холӣ ва беасос гумроҳ намуда, ба анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ таҳрик медиҳанд. Бо амалҳои хоинонаи худ обрў ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилаӣ паст мезананда, бо ҳар роҳи кўшиш менамоянд, ки ба рушду пешравии кишвари азизамон монеъаҳои сунъӣ эҷод намоянд. Мо бояд алайҳи ин гурўҳҳое, ки манфиати гурўҳии худро аз манфиатҳои миллӣ боло мегузоранд мубориза барем ва нагузорем, ки ба ҳадафҳои нопокашон даст ёбанд.
Яке аз масъалаҳои дигаре, ки мехоҳам дар ин хусус таваҷҷўҳи Шуморо ҷалб намоям, ин омодагии сазовор ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Тавре аз супоришҳои Раиси ҳизб бармеояд, ташкилотҳои ҳизбиро зарур аст корҳои омодагиро ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳарчи зудтар шуруъ карда, бо мақсади таҳияи дурусти нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур созанд.
Зимнан, ба хотири баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ ва ифтихор аз истиқлолияту озодӣ тақвият бахшидани корҳои ташвиқотӣ дар миёни аҳли ҷомеа мувофиқи мақсад хоҳад буд.


Дўстони азиз!
Имрўзҳо ба шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат дар як қатор шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ силсилаи иншоотҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Бешубҳа, ҳамаи ин далели амалӣ гаштани иқдомҳои шоиста ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат, Раиси ҳизбамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Чунин амалу иқдомҳо нишонаи оромию субот, сулҳу ваҳдати саросарӣ, рушди иқтисод, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва дар ниҳоят боло рафтани сатҳи зиндагонии мардум аст. қ
Моро зарур аст, ки дар амри иҷрои ин ҳадафҳо ҳамкориро бо тамоми сохтору мақомот ва ниҳоду созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ густариш бахшем ва дар ҳалли мушкилоти ҷомеа саҳми боз ҳам бештар гузорем.
Пўшида нест, ки мардуми шарафманди Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат саҳми муносиб доранд.
Мо имрўз ифтихор дорем, ки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Пешвои мардумист.
Аз ин рў, аҳолии кишвар ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ғояҳои созандаи ҳизбро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар атрофи Роҳбари миллатдўсти худ сарҷамъ ҳастанд.
Тавре, ки Роҳбари муаззами ҳизби мо дар баромади худ ба ин маънӣ зикр намуданд: Ҷомеъаи мо таи чанд соли охир дар раванди сиёсии кишвар фаъолонатар ширкат варзида истодааст. Дар робита ба ин талаботу хостаҳои электорати сиёсӣ низ бештару мушаххастар шуда истодааст. Итминон дорам, ки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавобгўи ин талаботҳо хоҳад буд. Дари ҳизби мо бояд ба рўи ҳама, новобаста аз мансубияти милливу диниаш боз бошад. Мо бояд ҳамеша бо мардум кор кунем ва новобаста аз мураккабиву душвориаш дар ҳалли мубрамтарин масъалаҳо мусоидат намоем. Бояд эҳсос карда тавонем, ки мардум бештар ба ҳалли кадом масъалаҳо таваҷҷўҳ доранд, бояд чунин шароите фароҳам орем, ки садои ҳар яки онҳо шунида шавад. Ин бояд вазифаи ҷонии ҳар як корманди ҳукумат, гирифта аз мақомоти маҳаллӣ то сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҳар як вакили парлумон, ҳар як корманди ташкилотҳои ҳизбӣ бошад.
Солҳои охир вазъияти сиёсӣ дар ҷаҳон хеле мураккаб шудааст ва хислати зудтағйирёбандагиро ба худ касб намудааст. Он ҳароина ба рушду пешравии кишвари мо низ бетаъсир нахоҳад буд. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки характери ин тағйиротҳоро амиқ эҳсос намоем. Фаъолияти худро вобаста ба таҳаввулотҳои замони муосир мутобиқ созем. Таваҷҷўҳи худро ба ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ равона созем ва барои зиндаги шоистаи мардум шароити мусоид фароҳам орем. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем ҳизби пешқадами ҷомеъа бошем.
Моро зарур аст, ки минбаъд ҳам барои пойдории сулҳу суботи мамлакат ва эътимод ба фардои ободу осудаи кишвар бо рўҳбаландӣ ва шукргузорӣ муносибат намоем.
Ман аз номи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳамаи Шумо, шунавандагони семинари имрўза, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нишондодҳои оинномавӣ ва барномавии ҳизб, инчунин амалӣ намудани дастуру супоришҳое, ки аз Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бармеоянд, самимона изҳори сипос намуда, барору комёбӣ мехоҳам.
Итминон дорам, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳизбӣ бо иқдомҳои созанда ва нақшаву барномаҳои воқеии худ мардумро ба ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон муттаҳиду сафарбар мекунанд.
Акнун иҷозат фармоед маърўзаи худро дар мавзўи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ” пешниҳод намоям.
Маърўзаи Муовини якуми Раиси ҲХДТ Фаттоҳзода С.С. дар семинари
раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор. 20/04/2018

НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

Ҳамкорони гиромӣ!
Дўстони азиз!

Мувофиқи Оиннома, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ буда, барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолият менамояд.
Ҳизби мо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ба фазилатҳои баланди сиёсӣ, сифатҳои наҷиби ахлоқӣ ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш такя намуда, кўшишу ғайрат ва донишу идроки онҳоро барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар менамояд.
Ҳизб дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зўроварӣ, экстремизму ифротгароӣ, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум менамояд, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Баъди эъломи истиқлолияти миллӣ ҳаёти ҷомеа ба маҷрои нав ворид шуд. Яке аз нишонаҳои барҷастаи он ташаккули андешаи миллӣ ҳамчун бозгашт ба асолати таърихӣ, эҳёи арзишҳои анъанавии миллӣ ва дар ин асос – қувват гирифтани раванди худшиносии миллӣ тоҷикон мебошад.
Роҳбари давлати тоҷикон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори дилсўз дар баробари бунёди давлат ба эъмори решаҳои таърихии миллат камар баста, ҳамчун муҳаққиқи шинохта ба силсилаи таҳқиқоти илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар таърихи миллат нақши бузург гузошта истодаанд.
Агар устодони бузург С.Айнӣ ва Б.Ғафуров тоҷиконро ҳамчун халқи мустақили Иттиҳоди Шўравӣ муаррифӣ карда, ҳаққи ин миллатро дар ҳудуди як давлати бузург дифоъ карда бошанд, вазифаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз лиҳози назариявӣ ва амалан аз дидгоҳи сиёсию илмӣ бамаротиб вазнинтару сангинтар буд. Зеро Пешвои миллат бояд истиқлоли миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатиро аз назари таърихӣ, сиёсӣ иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва дифоъ мекард.
Бо баргузории ҷашнвораҳои бузурги 3000 солагии тамаддуни ориёӣ, 2500 солагии Истаравшан, 2700 солагии шаҳри Кўлоб, 1100 солагии давлати Сомониён ва дигар ҷашнвораҳои таърихӣ мо ба эҳёи решаҳои таърихии миллат ноил гаштем. Хоҳишу ормони миллати хешро дар Қонуни асосии кишвар ба гунаи як давлати иҷтимоию адлпарвар ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, тарҳрезӣ намуда, роҳи таърихии инкишофи давлатро барои ояндаи наздику дур муайян сохтем.
Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ – «Бист қадами созанда» таъкид мекунанд, ки омўзиши ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун ниҳод, категория ва падидаи сиёсӣ-ҳуқуқӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими илми муосири ҷомеашиносӣ маҳсуб меёбад.
Дар ҳақиқат, таваҷҷуҳи назариявӣ-методологӣ ва амалӣ вобаста ба пажуҳиши ин масъала дар илми ватанӣ бо тақвияти ташаккули низоми нави демократӣ - рақобатпазирӣ ва плюрализми ҳизбӣ, инчунин табдили ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷузъи сохтории механизми ташкилот ва амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.
Ҳизби сиёсӣ иттиҳодияи ихтиёрии худфаъолияти шаҳрвандон аст, ки бо ташаббуси онҳо ва бо мақсади якҷоя роҳандозӣ намудани ҳадафу вазифаҳо ва ҳимояи ақидаҳо вобаста ба рушди ҷомеа таъсис дода мешавад. Ҳамзамон, ҳизби сиёсӣ яке аз ниҳодҳои бунёдии низоми сиёсии ҷомеа мебошад, ки барои таҷдид ва ивазнамоии элитаи сиёсӣ мусоидат менамояд.
Ҳизбҳои сиёсӣ ифодакунандаи ҳокимияти давлатӣ набошанд ҳам, лекин аз ҷиҳати функсионалӣ ба низоми ҳокимияти давлатӣ дохил гардида, ба ҳайси ҳалқаи пайвандгари байни давлат ва шаҳрвандон нақш доранд ва муттаҳидию устувории низоми сиёсиро таъмин менамоянд.
Дар баробари ин, мавҷудияти ҳизбҳои сиёсӣ бе ҷомеаи дорои манфиатҳои гуногунҷабҳа имконнопазир буда, онҳо раванди якҷоя намудани якчанд рукнҳоро ба низоми ягона ва мақоми намояндагӣ ҳамоҳанг месозанд.
Гузашта аз ин, берун аз фаъолияти давлат, ба ҳайси инъикосгари ҳокимияти умумӣ баромад менамоянд.
Ҳар ҳизб ба хотири ҳимояи манфиатҳои гуруҳҳои муайяни иҷтимоӣ ташкил мегардад.
Дар илми муосир мафҳуми ягонаи қабулшудаи мушаххас оид ба ҳизби сиёсӣ ва ягонагии нуқтаи назар вобаста ба дарки моҳияту аломатҳои хоси он/ вуҷуд надорад.
Нишонаҳои асосии ҳизби сиёсиро метавон ба чунин тарз баён намуд:
• ҳизб ҳамчун як намуди иттиҳодияи ҷамъиятӣ. Ин чунин маъно дорад, ки ҳизбҳо ва дигар намуди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷавонон, созмонҳои фарҳангию миллӣ ва ғайраҳо) иттиҳодияи ихтиёрии худфаъолияти шаҳрвандон аст, ки бо ташаббуси онҳо баҳри якҷоя роҳандозӣ намудани мақсаду вазифаҳои барномавии худ таъсис дода мешаванд.
• ҳизб ташкилотест, ки вуҷуд доштани муносибатҳои муайяни иерархияи (тартиботи дараҷаи мансабу мартаба) муносибатҳоро байни зинаҳои гуногуни ташкилот, интизоми ҳизбӣ ва мартабаро, ки аз ҷониби аъзои ташкилот риоя мегардад, пешбинӣ менамояд. Ҳизб бо устувории низом ва ташкилии худ фарқ менамояд.
• ҳизб субъекти сиёсиест, ки ба он фаъолияти идеологӣ хос аст. Мақсаду вазифаҳои ҳизб дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва платформаҳои пешазинтихоботӣ инъикос гардида, дар фаъолияти сиёсӣ амалӣ мешаванд. Яъне ҳизб созмони ҷамъиятиест, ки тавассути интихобот сари қудрат омада, барномаҳои худро амалӣ месозад. Яке аз фарқҳои асосии ҳизб аз дигар созмону ташкилотҳо ҳамин омил маҳсуб меёбад.
• мақсади ҳизб барои ба даст овардани намояндагии сиёсӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тавассути интихобот, иштироки намояндагони худ дар идоракунии давлатӣ равона гардидааст. Воситаи асосие, ки нуфузи ҳизбро таъмин менамояд, ин бештар намудани сафи ҷонибдорон аз ҳисоби шаҳрвандон мебошад, ки ҳамчун мусобиқа ба тарзи шаффоф байни ҳизбҳо сурат мегирад.
Тибқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурўҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.
Мо таҷрибаи талхи томгароиро аз сар гузаронидем, ки чи гуна бо идеологияи маҳдуд ва оштинопазири худ ҷомеаро ноором сохтанд. Агар саҳеҳтар бигўем, сухан дар бораи идеологияи коммунистӣ ва исломӣ меравад, ки моҳиятан ҳарду идеологияи томгаро мебошад. Онҳо дигарандеширо гўши шунидан надоранд. Яке аз сабабҳои асоси ҷанги шаҳрвандӣ дар охири асри гузашта дар кишварамон ин муборизаи оштинопазири ду идеология, идеологияи коммунистӣ ва исломи сиёсӣ мебошад. Муқовимати онҳо боиси фалаҷ гаштани сохторҳои давлатӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Тавре ки огоҳ ҳастед, дар кишвари мо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.
Консепсияи сиёсати Роҳбари давлат дар масъалаи муносибат ба дин аз он асос гирифтааст, ки мо ба ҳайси миллати куҳанбунёди соҳибтамаддун ва ба сифати пайравони дини таҳаммулпазири ислом ҳаққи маънавӣ надорем, ки бо роҳи сунъӣ ба бархўрди манфиатҳои миллию динӣ мусоидат намоем.
Дар ҳолатҳои ҷудогонае, ки чунин муқобилият ҳамчун силсилаи муносибатҳо тавлид мегардад, мо бояд манфиати мардуми кишварро тибқи Қонуни асосӣ аз ҳама болотар гузорем.
Ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ аз арзишҳои бузург ва олии ҷомеаи мутамаддини башарӣ мебошанд.
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои динии инсониро таъмин ва ҳифз менамояд.
Аммо ин ҳуқуқу озодиҳо ба дигар ҳуқуқ ва озодиҳои инсон набояд зид бошанд, ба хусус ба ҳуқуқи халқ ва миллат дар масъалаи худмуайянкунии сиёсӣ ва ба ҳеҷ ваҷҳ ба тартиботи ҷамъиятӣ, ба принсипҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсонӣ зарар нарасонанд.
Дар ҳолати чунин муқобилат ҳар ҷомеаи мутамаддин ва давлати иҷтимоию ҳуқуқӣ, ки кафили тартибот, амният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонаш мебошад масъул аст, ки сади роҳи ин тамоюлро бигирад.
Тоҷикистон низ ҳамчун давлати иҷтимоию ҳуқуқӣ, ки мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро дорад, мутобиқ бар Қонуни асосии кишвар ва арзишҳои эътирофшудаи башарӣ дар ҳолатҳои зарурӣ на танҳо ҳуқуқ дорад, балки масъул аст маҳдудиятҳои ҳуқуқу озодиро дар мизони қонун ба хотири манфиати умум, амният ва нигоҳдошти раванди демократӣ татбиқ намояд.
Дар бештари мавридҳо зарурати эътирофи бартарии арзишҳои миллӣ ва манфиати истиқлолияти кишвар дар сарчашмаҳои динӣ низ тасдиқи худро ёфтааст. Зеро дар шинохти манфиат ва бартарӣ дар он ислом дар ҳолати бархўрди манфиатҳои динию умумиинсонӣ ва ё минтақавӣ бештар ба он арзише такя мекунад, ки вай ба адли зиндагӣ, оромии ҷамъият, баробарӣ ва озодӣ мусоидат намояд.
Мутобиқи таълимоти исломӣ адл, осмону замин ва он чӣ миёни ин ҳарду ҳаст ба ҳақ пойдор аст, якрўза адли подшоҳи одил (роҳбари одил) аз ҳафтодсола тоати мусулмони золим афзалтар аст, мулк бо куфр мепояду бо зулм не, инсонҳо чун дандонаҳои шона баробаранд (ҳадисҳои паёмбари ислом).
Зеро бе сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ ба ҷо овардани эътиқоди динӣ ва фаризаҳои он ғайриимкон аст. Ин заруратро яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳони ислом чунин шарҳ додааст: «Ман сахт эътиқодманд ҳастам ба он нукта, ки арзиши идора намудани давлат бояд аз тамоми манфиатҳои дигар, ҳатто манфиатҳои динӣ, чун намоз, рўза ва ҳаҷ ҳам авлотар дониста шаванд. Давлат метавонад тамоми зуҳуротро манъ эълон намояд, агар ин зуҳурот ҷавобгўи манфиатҳои давлат набошанд, ҳатто агар ин манъ карданҳо дар зиддият бо манфиатҳои исломӣ ҳам бошанд. Зеро манфиати ҳокимияти давлатӣ бузургтар аз қонуниятҳои исломӣ ҳастанд».
Дар ин гуфтаҳо на танҳо авлавияти арзишҳои сиёсии кишвар ва манфиатҳои миллӣ инъикос гардидааст, балки комилан ҷудо будани манфиатҳои давлат аз дин дар умури идораи кишвар таъкид мегардад.
Бинобар ин роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқӣ ва дунявӣ бартарии худро бори дигар аз таҷрибаи давлатҳои исломӣ собит менамояд.
Тоҷикистон дар мавриди манфиатҳои гуруҳӣ истифодаи беҷои динро манъ намуда, муносибат бо эътиқод ва озодии виҷдонро дар доираи манфиати умумимиллӣ ва динӣ қоил аст.
Бояд динро на ҳамчун воситаи ба даст овардани қудрат, балки воситаи баланд бардоштани маънавиёт, ахлоқ ва озодии шаҳрвандон пазируфт.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зўрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурўҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ чунин иттиҳодияи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.
Мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ дар Оиннома ва Барномаи он, ки барои маълумоти умум интишор мешаванд, инъикос меёбанд.
Ҳизби мо, ки ҳамчун ҷузъи таркибии механизми худтанзимкунандаи системаи ҷамъиятӣ ба ҳайси миёнарав байни ҳукумат ва шаҳрвандон баромад менамояд, дар рақобат бо дигар аҳзоби сиёсии кишвар омили фаъол нигоҳ доштани системаи ҷамъиятию сиёсӣ мебошад.
Муборизаи байни ҳизбҳои сиёсӣ тибқи меъёрҳои демократӣ ба ташаккули мақсадҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат менамояд.
Тавре медонем, ғояи таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дар аввалҳои соли 1993 ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иртибот дорад.
Вобаста ба ин, комиссияи тадорукот ҳуҷҷатҳои ташкилии аҳзоби навтаъсиси демократии Русия, ҳизби сотсиал-демократи Олмон, ҳизби демократии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва соири азҳобу ҳаракатҳои дунёро омўхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби нав бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад.
Ҳамзамон, Сардори давлат таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма гирад. Яъне, ҳизби нави мо бояд пеш аз ҳама ниёзҳои иҷтимоии мардуми саросари кишварро бароварда созад.
Дар чунин шароит Сарвари давлат шахсан дар ҷараёни таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон (он вақт ҳизби нав бо ҳамин ном ёд мешуд) қарор дошт. Ҳар як санади ташкилии ҳизбро бевосита мутолиа ва таҳрир карда, барои такмили он дастуру супоришҳо медоданд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз он иборат буд, ки ҳизби нав воқеан ҷавобгўи манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа бошад.
Қарор дода шуд, ки дар Оиннома ва Барномаи ҳизби нав меъёрҳои демократӣ ҳамчун асос қабул карда шаванд.
Мо ҳамаи принсипҳои меъёрҳои демократиро пазируфтем. Ҳадафҳои мазкурро комиссияи тадорукот дар ҳамаи минтақаҳо тарғибу ташвиқ карда, паҳлуҳои муҳиму аҳамиятноки онро ба мардум мефаҳмонданд.
Хиради волои Пешвои миллат буд, ки барои ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо қатъияту ҷасорат иқдом намуд.
Ба қавли Президенти мамлакат: «Ҳизби Халқии Демократӣ зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии ватан саъю талош меварзад».
Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз он ки раҳбарии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба уҳда доранд, ба ягон ҳизби сиёсӣ афзалият намедиҳанд.
Ҳамаи аҳзоби сиёсӣ дар асоси қонун фаъолияти худро пеш мебаранд. Ҳатто мунтазам пеш аз интихоботи парлумонӣ эълон мекунанд, ки Барномаи ҳизби ғолиб ба ҳайси Барномаи ҳукуматӣ ҷиҳати амалӣ гардондан пазируфта мешавад.
Ҳизби мо зери сарварии Пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мардум маҳбубият ва обрўю эътибори калон дорад ва дар маъракаҳои сиёсӣ фаъолона иштирок карда, пайваста ба пирўзӣ мерасад.
Имрўз ҳизб аксарияти курсиҳои парлумониро соҳиб гаштааст. Намояндагони ҳизб дар парлумон фраксияи қавие созмон додаанд, ки аксарияти лоиҳаҳои қонунҳо дар таҳия ва таҳрири аъзои он ба тасвиб мерасанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохтори комил ва шеваи фаъолияти ба худ хосро доро буда, барнома ва стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.
Ҳизб/ ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рўзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.
Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳимро бозад.
Ҳизби мо худро ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта ҳисобида, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва асолати миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеа тавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ/ ва фарҳангӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои пешқадами афкори ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва муносибаташ бо дин дастгирӣ менамояд ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро эҳё ва ҳифз месозад. Ҳизб ҳама гуна таассуби динӣ, экстремизми сиёсӣ, терроризм ва ифротгароии сиёсиро маҳкум намуда, ба муқобили ин зуҳуроти манфӣ мубориза мебарад.
Он бо мақсади баланд бардоштани некўаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи ҳама гуна шакли моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва муттаҳидии тамоми қувваҳои солими ҷомеа кўшиш ба харҷ медиҳад.
Ҳизби мо бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ҳамкорӣ менамояд.
Яке аз вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеа дар атрофи Президенти мамлакат ва роҳбарияти кишвар мебошад.
Ин раванд дар давраи муосири рушди Тоҷикистон бениҳоят зарур буда, бояд тамоми қувваи мардум барои ҳифз ва таҳкими истиқлоят ва ваҳдати кишвар равона гардад.
Имрўз мо дар як давраи мураккабу ҳассоси таърихӣ қарор дорем. Дар гўшаҳои мухталифи дунё, дар кишварҳои гуногуни олам воқеаҳо ва таҳаввулотҳое ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеа бетаъсир намемонанд.
Тавре, ки дар яке аз мақолаҳои худ зикр намудам раванди босуръати ҷараёни ҷаҳонишавӣ, ки имрўз сарҳади давлатҳоро убур намуда, ба сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанги миллӣ таъсир мерасонад, то андозае ба арзишҳои суннатии халқҳои мухталифи ҷаҳон тасҳеҳоти худро ворид менамояд. Геополитикаи муосир барои як сил-сила кишварҳо агар «геополитикаи бедоршавӣ» (З.Бжезинский) арзёбӣ шавад, барои дигар кишварҳо ба геополитикаи яъсу ноумедӣ табдил ёфтааст. Иттиҳоду ҷиноҳҳои пешинаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ аз байн рафта ба ҷои онҳо созмонҳои нав арзи вуҷуд намудаанд, ки ногузир ба вазъи геополитикии ҷаҳон таъсир мерасонанд.
Мо имрўз шоҳиди он мешавем, ки сармояи корпоратсияҳои бузург рўз то рўз ба раванди сиёсии ҷаҳон таъсир расонида, ҳатто бар сиёсати миллии баъзе кишварҳои ҷаҳон тасаллут ёфтаанд. Бояд ба хубӣ дарк кунем, ки Ватани азизи мо низ ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтамаддун аз ин ҷараёни фарогир берун буда наметавонад.
Бинобар ин, аъзои ҳизбро зарур аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххас ва роҳандозӣ намоем.
Ҳизби мо зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Он дар ҳамаи ҷанбаҳои фаъолият, аз ҷумла, пешбарии номзадҳо ба вакилӣ, иштирок дар фаъолияти Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тавассути намояндагони худ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда барои расидан ба ҳадафҳои хеш саъю талош мекунад.
Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа инъикоси худро ёфтааст.
Мушкилоту проблемаҳои мардум дар маркази диққати ҳизб қарор дошта, созмонҳои ҳизбӣ ва вакилони мардумӣ тадбирҳои муассир андешида, тариқи қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои ҳаллу фасл кардани онҳо талош меварзанд.
Ҳам вакилони мардумӣ аз фраксияи ҲХДТ дар парлумон ва ҳам кормандони масъули ҳизбии мо бо интихобкунандаҳо пайваста вохўриҳо гузаронда, аз мушкилоту ниёзмандиҳои мардум огоҳ мешаванд.
Маҷмўи мақсаду вазифаҳоеро, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амалӣ менамояд, дар шакли умум нақши онро дар таъмини бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сатҳу дараҷаи ҳуқуқи миёнаравиаш нишон медиҳад. Ҳамаи ин дар қавоиди қонунишудаи мақсаду вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои субъективӣ ва уҳдадориҳо зарур мебошад.
Ин мақсадҳо – ифодаи ҳуқуқии аксари функсияҳои ба меъёрҳои қонунгузорӣ хоси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, воситаи муйаян намудани объектҳои муҳими муносибатҳои қонуниест, ки тамоми самти фаъолияти ҳизб ҳамчун субъекти ҳуқуқ ба он равона гардидааст.
Стратегияи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусоидат дар таъмини рушди демократӣ-дунявии Тоҷикистон дар асоси эътироф ва эҳтироми меъёрҳои қабулшудаи ҳуқуқҳои байналмилалӣ ва талқини арзишҳои демократӣ дар баробари ҷомеа мебошад.
Аз вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз мақсадҳои дар боло зикршуда бармеоянд, ин таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахолатнопазирии давлат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи кишвар, фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи мардум ва меҳнати озод, рушди демократия, ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои мутараққии олам, мусоидат ба рушди маънавӣ ва ахлоқии миллат, муқовимат ба ҳар гуна шакли экстремизм, таъмини муносибати сазовор ба нақш ва мақоми зан дар ҷомеа ва ғайраҳо мебошанд.
Вазифаҳои мо дар марҳилаи кунунӣ – тавассути ташкилотҳои ибтидоӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Мо вазифадор ҳастем, ки ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон моҳияти рўйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии дар мамлакат ва ҷаҳон рўйдодаро дуруст фаҳмонем, ба ин ҳодисаҳо баҳои воқеӣ диҳем. Мо имрўз дар шароити мураккаби бархурди манфиатҳо ва қудратҳои ҷаҳонӣ қарор дорем. Зарур аст, ки аз ин мубоҳисаҳои сиёсӣ хулосаҳои дуруст бароварда, мардумро аз паси худ барем.
Вазифа ва нишондодҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, суханронӣ дар Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2016-2028» баён дошта буданд, бояд ҳамаҷониба мавриди омўзиш, таҳлил,татбиқ ва таблиғ қарор гирад.
Боварӣ дорем, ки мо аз уҳдаи иҷрои ҳамаи супоришҳо бо сарбаландӣ ва дастгирии аъзои ҳизб мебароем.

Ба Шумо саодату сарбаландӣ ва дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳои беназир таманно дорам!

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: