Пешвои миллат – раҳнамои миллат21-12-2015, 17:00
Хабарро хонданд: 375 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Ваҳдат, бо иштироки аъзоёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, аъзоёни ҳизб ва омӯзгорону хонандагони коллеҷҳои омор, тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҷавонон ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» баргузор гардид.
Субҳи имрӯз, ҷавонон аз кӯчаи 20-солагии Истиқлолият бо шиору овезаҳо ва аксҳои Пешвои миллат роҳпаймоӣ намуда, дар роҳи тозабунёди Ваҳдат-Файзодод ҷамъ омаданд. Ҳамроҳи ҷавонон дар ҳамоиш ҳамчунин, Раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ, муовини Раиси шаҳр Хоҷаева Фарзона ва дигар роҳбарони корхонаву муассисаҳо, ҷамъ беш аз 25 ҳазор нафар ширкат намуданд. Пас аз садо додани Суруди миллӣ дар назди ҳозирин Раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ баромад намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Раҷабмурод Ҷалилов низ бобати аҳамияти ин санади муҳим ва манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ҷонибдории зиёиёну аъзоёни ҳизбро дар шаҳр нисбати ин қонун иброз намуд. Ҳамзамон шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ шеъри худро дар васфи Пешвои миллат қироат намуд. Мудири бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроия Абдуманон Солиҳов матни муроҷиатномаи ҷавонони шаҳрро баҳри ҷонибдории қабули қонуни зикргардида, пешкаш намуда, қонуни мазкур якдилона ҷонибдорӣ карда шуд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.