Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » СОАТИ СИЁСӢ

СОАТИ СИЁСӢ

24-04-2018, 07:54
Хабарро хонданд: 249 нафар
Назарҳо: 0
 СОАТИ СИЁСӢ
Дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе имрӯзҳо баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ зери шиори “Барои сулҳу ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” ва мақсаду мароми Оинномаи ҳизб дар робита кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои гуногуни таблиғотию ташвиқотӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Аз ҷумла вобаста ба ин 23 апрели соли 2018 зери мавзӯи “Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- созандагию бунёдкорист!” дар ташкилоти ибтидоии “ба номи Мирзоев” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот – Муминов Абдумаҷид ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе соати сиёсӣ доир гардид.
 СОАТИ СИЁСӢ
Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Раҷабова Кӯлобӣ дар бораи фаъолияти амалии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди ҷомеаи имрӯзаи кишвар ибрози андешаронӣ намуд.
Сипас, аз рӯи мавзӯи чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот –Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муминов А.А суханронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт бо мардуми кишвар робитаи зич дошта, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳидоят намудани онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.
Инчунин зимни баргузории соати сиёсӣ дигар аъзоёни ҳизб низ андешаҳои худро атрофи нақш ва мақоми созандаи ҲХДТ ва суботу оромии кишвар байён доштанд.
Дар фарҷом чун анъанаи ба 10 нафар ҷавонон шаҳодатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ
ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе А.Муминов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: