Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мегардад

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мегардад

20-04-2018, 10:48
Хабарро хонданд: 179 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мегардад

Апрель 20, 2018 08:59

ДУШАНБЕ, 20.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва фаромадани туман пешбинӣ шудааст.

Имрӯз, 20 апрел дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳои дигари вилоят туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 2-3 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани боронҳои кутоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешбинӣ мешавад. Ҳарорат шабона дар водиҳо 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорат шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: