ОБУ ҲАВО: имрӯз гармии ҳаво дар Душанбе ба 16 дараҷа мерасад20-12-2017, 10:01
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе минтақаҳои мамлакат боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Гармии ҳаво имрӯз дар пойтахт ба 16 дараҷа мерасад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 20 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар ғарби вилоят боридани борон ва барф дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳарорати ҳаво шабона 16-21 ва рӯзона 4-9 дараҷа сард хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок, баъзан фаромадани туман ва боридани борону барф пешбинӣ шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.