ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст3-05-2018, 14:57
Хабарро хонданд: 226 нафар
Назарҳо: 0
Май 3, 2018 08:23 ДУШАНБЕ, 03.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Имрӯз, 3 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шабона дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9 +14 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад. Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои боронӣ пешгӯи гардида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона +12 +17 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +21 +23 дараҷа ва шабона +10 +12 дараҷа гарм мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.