Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон боридани барф дар назар аст

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон боридани барф дар назар аст

29-11-2017, 09:00
Хабарро хонданд: 315 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон боридани барф дар назар аст

Ноябрь 29, 2017 08:48

ДУШАНБЕ, 29.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Обуҳавошиносон имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 метр боридани барфро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 29 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш ва нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 метр боридани барф дар назар дошта шудааст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 13-18 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрноки бебориш ва баъзан фаромадани туман пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш ва нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 3-5 дараҷа ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: