ҶАВОНОНИ БАНОМУСИ ТОҶИК ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ УСТУВОРАНД!16-04-2018, 10:03
Хабарро хонданд: 287 нафар
Назарҳо: 0
Бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуда, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ падидор аст. Ваҳдат — беҳтарин неъмат, таҳкими давлат ва наҷоти миллат дар ҳар давру замон аст. Танҳо бо ваҳдат ва меҳнати якдилона мо метавонем ба қулаҳои баланди давлатдорӣ расем. Мо ҷавонон ҷонибдори сиёсати Пешвои миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд. Мо хуб дарк мекунем, ки бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он 23 – юми май Рӯзи ҷавонон ва соли 2017 Соли ҷавонон мебошад. Таҷлили рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан ва кӯмаку ҳамдастии гуруҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон мебошад. Ба ин маънӣ кишвари азизи Соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити кунунӣ ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир зудтар ва беҳтар ҳамоҳанг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда гузошта метавонанд. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Воқеан, ҷавонони ҳамсоли истиқлол имрӯз мактабҳои олиро хатм кардаву дар соҳаҳои гуногун ба фаъолият пардохтаанд. Онҳо, ки диду нигоҳи муосир доранд, дар зудтар ташаккул ёфтани давлат ва эъмори ҷомеаи демократӣ саҳм хоҳанд гузошт. Қисмати асосии аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Таваҷҷуҳ ба ин қишри ҷомеа аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равона гардида буд. Зеро ҷавонон бо қувва ва нерӯи ҷисмонию маънавии худ барои устувории ҷомеа нақши бағоят калон доранд. Мо, ҷавонон, бахусус ҷавонони даврони Истиқлолият ифтихор мекунем, ки як давлати соҳибистиқлол ва як Сарвари дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тӯли 26 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон, зиндагиамон обод шуд. Мо хушбахт аз он ҳастем, ки дар даврони Истиқлолият ба олами ҳастӣ чашм кушодем. Ва шукргузорӣ мекунем Худовандро, ки ба озодӣ расидем ва ҳамин гуна Ватани азиз ва диёри азизи арҷманд дорем, аз ҳавои софу беғубори он нафас кашида, озодона умр ба сар мебарем. Вақте ки мо, ҷавонони соҳибистиқлол ба дунё чашм кушодаем, халқи мо ба орзуи деринаи худ – истиқлолият расида буд. Мо ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо ва ба қадри ҳар зарра хок ва ҳар қатра обе, ки Худованди бузург ба мо ато фармудааст, бирасем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро дӯст дорем. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллат мебошанд. Мо бояд ба қадри ин суханони Пешвои миллат бирасем ва дар рушду нумуи Ватанамон бо меҳнати софдилона саҳми арзанда гузошта ба Ватану модар ва миллатамон хизмат кунем. Дар даврони 26 – солагии Истиқлолият мо ба бисёр дастовардҳои азим ноил гардидем, ба навигариҳо рӯ ба рӯ гаштем. Ман барои ҳамсолони ҳамнафасу ҳамсоли Истиқлол гуфтанӣ ҳастам, ки дар тӯли 26 сол халқамон ба шарофати меҳнати бунёдкорона дар ҷодаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои пурҳашамат ноил гардид. Давлатамон рӯз то рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Ба шарофати сиёсати дурусту оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизи Соҳибистиқлоламон сохтмонҳои азими аср, аз он ҷумла нерӯгоҳҳои барқӣ, нақбҳои нақлиётӣ, варзишгоҳо, садҳо майдончаҳои варзишиву истироҳатӣ, толорҳои варзишӣ, сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки аз пешравии давлату миллат ва Истиқлолият гувоҳи медиҳанд. Мо боварии комил дорем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик як давлати аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешрафта мегардад, зеро бунёди роҳҳо, пойгоҳҳои барқӣ, пулҳои боҳашамат ва нақбҳои нақлиётӣ нишонаи рушду нумӯ аст ва он моро ба тамоми қитъаҳои дунё мепайвандад. Мо – ҷавонон зодаи Истиқлолият барои ободии диёри азизи номдорамон Тоҷикистон ва боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯз аз фарзанди фарзонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои боло бурдани обрӯю эътибори Ватани азизамон кору пайкор хохем кард. Имрузҳо нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи мамалакат ва барои пешрафти ҷомеаи солиму мутамаддин басо назаррас ба чашм мерасад. Хушбахтона солҳои охир таваҷҷӯҳи роҳбарияти давлат нисбати дастгирии ҷавонон бештар гардида истодааст. Такя бар дастгирию ҳидоятҳои сулҳчӯёнаи Сарвари давлатамон, ҷавонон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки тамоми нерӯ ва қувваи худро баҳри аз худ намудани дониш ва барои ободии диёри махбубамон сафарбар намоянд. Ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил нашаванд ва ҳамсолони худро аз роҳҳои бад боз дошта, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Зеро ҷавонон метавонанд, ватани маҳбуби худро аз ҳар гуна амалҳои номатлуб нигоҳ доранд. Мо ҷавонони зодаи Истиқлолият Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” – ро бо қаноатмандии бузург истиқбол намуда, якдилона ҷонибдорӣ менамоем ва ба Ватани азизамон содиқона хизмати арзанда хоҳем кард. Баҳодур САФАРОВ ва Амирулло ДАВЛАТОВ, аъзои ҲХДТ, омӯзгорони кафедраи молия, андоз ва кори бонкии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.