Ғолиби озмун - беморхонаи вилоятӣ26-12-2015, 08:00
Хабарро хонданд: 483 нафар
Назарҳо: 0
– Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонию зебогардонии Ватани маҳбубамон ба мо дар бобати тозаю озода ва гулпӯш кардани гирду атрофи корхонаю ташкилотҳоямон ҳамчун намуна илҳом мебахшад,- иброз дошт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, зимни маросими муаррифии ғолиби озмуни «Гулзоркунии корхонаву маҳалли зист, ки рӯзи 19-уми декабр дар шаҳр Қӯрғонтеппа баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ибтикори КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҳанӯз аввали сол ба ифтихори 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 21-солагии ҲХДТ, 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва «Пойтахти фарҳанги ИДМ пазируфта шудани шаҳри Кӯлоб» баҳри кабудизор кардани маҳаллаву корхонаҳо миёни аъзои ҳизб эълон гардида буд. Ҳарчанд аксари аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар иҷрои ин иқдоми хайр иштироки фаъол доштанд, аммо бо тасмими ҳайати тадорукоти озмун беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа пирӯз дониста шуд. – Кормандони ин муассисаи тиббӣ на фақат дар сарсабзу хуррам гардонидани атрофи беморхона, балки дар корҳои ободонии маркази маъмурии вилоят - шаҳри Қӯрғонтеппа низ доимо пешоҳанг ҳастанд, - гуфт Аҳмадҷон Ализода ҳангоми эълони натиҷаи озмун. Ҳамин тариқ, сардухтури ин беморхона, Алихон Нуралиев бо Ифтихорнома, 10 нафар табиб бо Сипоснома ва 16 пизишк бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб сарфароз гардиданд. Ҳамзамон дар вазъияти тантанавӣ ба 10 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ, ки хоҳиши ба сафҳои ҲХДТ шомил шуданро карда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. ©Умед Мирзоев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.