
КИТОБИЁТ
Адлробарпокунадпаймонисулҳ,
Бахтропарвокунаддавронисулҳ.
МирзоТурсунзода
Китоби “Тоҷикистон дар масири сулҳ” (2025, мураттиб Латофат Шарифова), ки ба хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон, бунёдгузорӣ ва фаъолияти кории аъзои Ташкилоти ҷамъиятии “Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон” бахшида шудааст, аз IV фасл иборат мебошад.
Мураттиб дар фасли аввал, ки “Эмомалӣ Раҳмон меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ” унвон дорад, шеъру мақолаҳои шахсиятҳои муҳим ва калидии кишвар, шоирону нависандагон, олимону сиёсатшиносон, аз ҷумла Абдуҷаббор Азизӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Бозгул Додхудоева, Кароматулло Олимов, Абдуфаттоҳ Шарифзода, Сайфулло Сафаров, Саидумар Раҷабов, Адолат Раҳмонова, Рафиқа Мусоева, Бунафша Файзиддинзода, Латофат Шарифова, Ҷумъа Қувват, Шаҳрияи Аҳтамзод, Хосият Вализода ва ғайраро ҷой додааст.
Дар ин мақолаҳо роҷеъ ба моҳияти сулҳу амният, бахусус сулҳи тоҷикон, нақши бузурги Президенти кишвар дар истиқрори он, ба ваҳдати миллӣ расидани мардуми тоҷик (баъд аз фоҷеаи миллии ба сари тоҷикон омада) изҳор назар шудааст.
Муаллифони ин мақолаҳо бо далелу бароҳини зиёд, муътамад, маводи дастрас ва зарурӣ сиёсати сулҳҷуёнаи Президенти кишварро воқеъбинона ба қалам дода, ба қадри ин неъмати пурбаҳо расидан, дар татбиқи он саҳм гирифтанро аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ тақозо намудаанд. Дигар, ибрат гирифтанро аз ҳаводиси номатлуби солҳои 90-ум, яъне ҷангу кашмакашиҳо, ки қариб буд давлат ва миллат аз байн биравад, дар нигоштаҳояшон таъкид кардаанд.
Дар ин замина, ёдоварӣ ва ифтихор кардан аз шахсиятҳои бузурги миллӣ, олимону адибон, хусусан устод Мирзо Турсунзода, ки ба ҳайси раиси Кумитаи Шуравии ҳамдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, аъзои Шурои умумиҷаҳонии сулҳ, узви раёсати Кумитаи муҳофизати сулҳи Иттифоқи Шуравӣ ва ҳамзамон, аз ибтидои таъсис раиси Кумитаи муҳофизати сулҳи Тоҷикистон будан, пайравони устод Турсунзода, ки солҳои гуногун раисии ин Кумитаро ба дӯш доштанд ва доранд, олимону адибоне ба мисли Юсуф Носиров, Мирсаид Миршакар, Муъмин Қаноат, Латофат Шарифоваро, ки хидмати арзандаеро дар таҳкими сулҳ ва ризоияти миллӣ ба анҷом расонданд ва мерасонанд, ба таври алоҳида қайд намуд.
Дар силсилаи мақолаҳое, ки дар ин фасл омадааст, мақолаи Саидумар Раҷабов, ки ба фарҳанги сулҳ ихтисос дода шудааст, аз ҷолибтарин мақолаҳо маҳсуб мешавад.
Муаллиф бештар ба ҷанбаҳои ҳуқуқии қазия диққат дода, бо овардани мисолҳои мушаххас аз осори гузаштагон, гуфтори риҷоли бузурги таърихӣ, илмӣ, адабӣ, аз ҷумла Муҳаммад Мансури Муборакшоҳ, Низомулмулк, Маҳатмада Ганди, Мартин Лютер Кинг, Анри Дюнан ва ғайра бартарии фарҳанги сулҳро аз ҷанг собит менамояд. Хусусан муносибат ва фарҳанги таҳаммулпазириро дар ин росто, таъкид кардани муаллиф, ки ду тарафи даргирро дар Тоҷикистон, охируламр, ба сулҳ овард, хеле бамавқеъ ва муҳим мебошад. Чунончӣ, ӯ мегӯяд: “Расидан ба ризоияти умумӣ ва барпо намудани сулҳи пойдор ва мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон ба манфиати амният ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он ҷавоб медиҳад. Ҳалли мусолиматомези ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон на танҳо аҳаммияти миллӣ ва минтақавӣ, балки байналмилалӣ ҳам дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён собит намуданд, ки мушкилтарин масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз роҳи сулҳ ва бо воситаҳои осоишта ҳалли худро ёфта метавонанд. Шеърҳое, ки дар ин фасл аз шоирон Ҷумъа Қувват, Шаҳрия, Хосият Вализода оварда шудааст, на танҳо моҳияти сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, балки зарурат ва муҳим будани ин мавзуъҳоро дар зиндагӣ тасдиқ менамоянд.
Фасли дуввуми китоб, ки “Раисони Ташкилоти сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон” ном дорад, ба хидмату кори мондагори раисони ин ташкилоти ҷамъиятӣ бахшида шудааст.
Дар ин фасл дар ибтидо дар бораи устод Мирзо Турсунзода, ки аз соли 1950 то соли 1977 раиси Комитети Шуравии муҳофизати сулҳи Тоҷикистонро ба уҳда дошт, баъдан, Мирсаид Миршакар, Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Ҷӯрабек Муродов, Юсуф Носиров, Наримон Бақозода, Насимҷон Шокиров, Комил Холиқов, Саломат Мироқилова, Ҳафизабону Ҳамидова, Мусаллама Мухторова, Муҳриддин Низомӣ маълумоти муфид дарҷ шудааст.
Дар байни маълумоте, ки оид ба раисони ин Кумита дода шудааст, диққати хонандаро, пеш аз ҳама, фаъолияти шоири бузурги сулҳгарои тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ба худ ҷалб менамояд. Зеро ӯ, барҳақ, чун пешвои сулҳсароён дар тамаддун ва фарҳанг, алалхусус дар шеъри навини мо ҷилвагар мешавад.
Фалси сеюми китоб -“Фаъолони Ташкилоти ҷамъиятии “Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон” фарогири мақолаву очеркҳо буда, бо мақолаи раиси ин Кумита Латофат Шарифова - “75 сол дар масири ҳифзи сулҳ” оғоз мешавад.
Муаллиф дар ин фасл роҷеъ ба фаъолони ташкилот, аз замони ташкилёбии он то ба имрӯз ба таври иҷмол маълумот дода, хидмати ҳар кадом аз онҳо, аз устод Турсунзода сар карда, то Файзулло Тиллоев дар кори ин Ташкилот боэҳтиром ва қадрдонии хосса зикр менамояд.
Масалан, дар бораи устод Мирзо Турсунзода, ки муассиси ин Ташкилот маҳсуб мешавад, чунин мегӯяд: “Бешубҳа, ҳар давру замон ҳар як қавму миллат фарзонагон, ахтарони тобони хешро ба саҳнаи таърих меорад. Шукронаи давр, ки тоҷикон тӯли таърих ашхоси маъруфу маҳбуб, донишмандону сипаҳсолорон, мутафаккирону ватандорон, пурдилону сарсупурдагоне доштанд, ки ин шахсиятҳо обрӯ ва мартабаи миллатро дар миқёси ҷаҳон ба пояи баланд бардоштаанд. Шуруъ аз Инқилоби Октябр то ба давраи Шуравӣ ва аз он баъд то замони соҳибистиқлолӣ теъдоди фарзандони номвар, шумораи шахсиятҳои маъруф, ҳабибу маҳбуб, далеру муборизи меҳан зиёданд. Дар ин майдон аз шахсиятҳои маъруфи нимаи дуюми асри гузашта, шоири ширинкалому оламшумул, шахси сиёсатмадору сулҳҷӯйю сулҳхоҳ, ватандӯст, ватанпарвар, муборизи роҳи озодии халқҳои ҷаҳон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзодаро ном бурдан лозим аст. Ҳанӯз соли 1950 Мирзо Турсунзода Комитети ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳи Тоҷикистонро таъсис дод, ки имсол ба таъсисёбии он 75 сол пур мешавад”.
Фасли чоруми китоб - “Аксҳо бозгӯи таъриханд” аксҳои Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, шоири ширинкалом, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва дигар чеҳраҳои илму адаб ва сиёсати кишвару ҷаҳонро, ки дар ҳолатҳои гуногун ба навор гирифта шудаанд, ба намоиш мегузоранд.
Хулоса, китоби “Тоҷикистон дар масири таърих”, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон ва 75-умин солгарди таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии “Кумитаи сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон” иқболи чоп ёфтааст, туҳфаи некест ба ҳаводорону тарғибгарони сулҳу амният, аҳли илму адаб ва кулли мардуми сулҳхоҳи Тоҷикистон, бавижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки устод Бозор Собир баландтарин баҳорро ба ӯ (“қаҳрамони ваҳдат”) арзонӣ доштааст:
Номитуронависем, эй қаҳрамониваҳдат,
Бо оби нобитилло дар тоқиҚасримиллат.
Ҷамолиддин САИДЗОДА,
номзади илми филология