
Даҳсолаҳост, ки иқлими сайёра ба куллӣ тағйир ёфта, бар асари боришоти ғайримеъёрӣ минтақаҳои бузурги кураи Замин рӯ ба биёбоншавӣ ниҳода, қисмати дигари манотиқи олам бо камбуди захира ва манбаъҳои оби ошомиданӣ рӯбарӯ мешавад. Бар асари беборишӣ танҳо минтақаҳои гармсел дучори мушкилоти об нашудаанд ва имрӯз ба хубӣ мушоҳида мегардад, ки манотиқи сард низ бо ин масъала мувоҷеҳ гардидаанд.
Тавре шумо огоҳ ҳастем ва мушоҳида мекунем, кишвари азизи мо -Тоҷикистон низ аз ин мушкилот дар канор набуда, солҳои охир аз камборишӣ ва ё беборишӣ ба мушкилоти норасоии об, махсусан дар обанборҳои неругоҳҳои барқӣ дучор гашта истодааст.
Возеҳу равшан аст, ки сарвати бебаҳои мо неругоҳҳои обии барқист, ки бидуни захираи кофии меъёрӣ наметавонад ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ барқи доимиро таъмин намояд.
Вақте масъалаи маҳдудияти реҷаи барқ дар саросари кишвар эълон мегардад, аксаран бар асари бемаълумотӣ ва ё ноогоҳӣ фарзияҳои гуногунеро паҳн мекунанд ва бидуни далелу арқом мардумро ба гумроҳӣ мебаранд. Аммо паҳлуи асосии масъаларо нодида гирифта, роҷеъ ба ин масъала вазъи иқлим ва омилҳои объективиро аз назар дур мекунанд.
Ҳамзамон, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишварамон биноҳои баландошёна сохта шуда, дар ҳар хонадон миқдори дастгоҳҳои гармкунандаи барқӣ аз 3 то 6 ададро ташкил медиҳад, ки онҳо дар фасли сармои тирамоҳу зимистон тавассути неруи барқ гармӣ медиҳанд.
Мутаассифона, бахше аз аҳолӣ дидаю дониста, аз гармкунакҳои барқӣ беинсофона истифода менамоянд ва ҳаргиз дар зеҳни онҳо сарфакории неруи барқ ҷой надорад. Ба ибораи дигар, фарҳанги самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, ки масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад, аз мадди назарашон дур гаштааст.
Бо ин ҳама ҳар шаҳрванди кишвар бояд бидонад ва дарк намояд, ки амалӣ намудани стартегияи рушди устувори давлат бештар аз таъмини бехатарии энергетикии мамлакат вобаста аст, ки он ҳамчун шарти муҳим дар заминаи истифодаи даромадноки неруи захиравию табиӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар баробари бунёди иншооти бузурги тавлиди неруи барқ ба таҷдиди иншооти энергетикии мавҷудаи кишвар эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Ин аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пурра таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи неруи барқ дар Осиё ҳамкориро бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ тақвият бахшида, силсилаи неругоҳҳои барқи обии хурду бузургро бунёд менамояд.
Имрӯз бо боварии комил гуфта метавонем, ки ба кор андохтани ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун” - иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифи тоҷик амалӣ мегардад, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ- истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.
Бо ибтикору ташаббусҳои созанда ва бо саъю талошҳои бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир рушди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ ба чашм расида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба ояндаи дурахшону чароғони худ умеди калон дорад.
Бо итминон гуфта метавонем, ки маҳдудияти неруи барқ дар солҳои наздик пурра аз байн рафта, Тоҷикистон на танҳо худашро бо барқ пурра таъмин мекунад, балки яке аз кишварҳои содиркунандаи бузурги неруи барқ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.
Имрӯз вақти он расидааст, ки мардуми Тоҷикистон вазъи воқеӣ ва тағйирёбии иқлими сайёраро ба назар гирифта, самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашударо таъмин намоянд, ки ин худ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти мунтазаму боэтимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.
Аз ин лиҳоз, истифодаи мақсадноки неруи барқ, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳимми стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо, сокинон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад.
Дар робита ба ин, ҳамаи мо шаҳрвандонро зарур аст, ки корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро дар мавриди истифодаи оқилонаву самараноки қувваи барқ, пардохти маблағи саривақтии истифодаи он, инчунин, пешгирӣ намудани сарфаи зиёди беҳудаву бемавқеъ, ҷилавгирӣ аз истифодаи фурӯзонакҳои тафсону баландшидат дар манзилҳои истиқомативу маҳаллаҳои аҳолинишин, муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳо ва ҷойҳои оммавӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намоем.
Масъалаи муҳим ва зарурӣ ин аст, ки ба ҳар гуна овозаву таблиғоти дурӯғини гурӯҳҳои мухолиф, ки намехоҳанд дастовардҳои давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро эътироф намоянд, бо далелу арқоми мушаххас собит намоем, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми неру ва тавоноиву зеҳниятҳоро истифода бурда, мушкилоти муваққатии мавҷудаи камбуди барқро ҳал менамоянд ва Тоҷикистон азизи моро дар пеш ояндаи дурахшон интизор аст.
Муҳаммад АКРАМЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Рӯдакӣ