Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Бедор бизӣ, то инсони комил бошӣ...

Бедор бизӣ, то инсони комил бошӣ...

10-04-2018, 08:20
Хабарро хонданд: 280 нафар
Назарҳо: 0
Бедор бизӣ, то инсони комил бошӣ...
Бузургу тавонманд он халқест, ки таърих ва ҳастияш ҳамбастагӣ бо илму маърифат дошта бошад. Аз замонҳои қадим аҷдодони мо нисбат ба китоб ихлосу эътимоди махсус доштанд. Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ китобро ягона мояи ганҷ донистааст. Ҳоким Фирдавсӣ бошад, ҳар фарди донишмандро шахси барнодил маънидод кардааст. Абдураҳмони Ҷомӣ китобро «аниси кунҷи танҳоӣ»-ю «фурӯғи субҳи доноӣ» номидааст.
Ниёгони мо ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дошта, онро аз тамоми ганҷу дороӣ авлотар медонистанд. Махсусан, замони салтанати Сомониён барои рушду камолоти сухан ва анъанаи китобдорӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуда буд. Дар Бухоро китобхонаи калони давлатӣ бо номи «Ганҷинаи ҳикмат» амал мекард, ки дар он танҳо ашрофзодаҳо иҷозаи вуруд шуданро доштанд. Амир Насри 2 бинни Аҳмади Сомонӣ замоне, ки бемор мешавад, Абӯалӣ Ибни Сино ӯро табобат мекунад. Пас аз табобат ёфтан амир ба ӯ ганҷу дороӣ ва мансабу ҷой пешниҳод мекунад, вале ӯ аз амир иҷозаи ворид гардидан ба китобхонаро талаб мекунад. Пас китоб махзани маънавии инсон буда, заковати одамиро баланд мебардорад.
Аммо мутаассифона, имрӯз иддае аз мардум новобаста бо фароҳам будани шароитҳои созгор таваҷҷуҳ ба китобу китобхонӣ надоранд. Баъзеҳо дар он ақидаанд, ки гӯё китобро танҳо олим ё муаллим бояд хонад. Ин фикр мутлақо ғалат аст, зеро инсон дар кадом мақоме, ки набошад бояд аз китоб барои хеш манфиате бардошта метавонад.
Бузургон таъкид кардаанд, ки «Мутолеаи китоб роз аст, онро ҳамеша амалӣ кардан асос аст» . Дар ҳаёт тамоми бузургони олам чун Арасту, Афлотун, Хайём, Саноӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ маҳз тавассути рӯй овардан ба китоб соҳиби умри ҷовидона гардидаанд.
Вазифаи асосии ҳар волидайн аст, то фарзандонро дар рӯҳияи китобдӯстӣ тарбият намоянд. Барои мутолеаи китоб ба онҳо вақти муайян ҷудо намуда, фаъолияти кӯдаконро аз рӯи реҷа дар давоми рӯз тақсимбандӣ бояд намоянд. Қобили зикр аст, ки барои бедор намудани муҳаббат ба китобхонӣ дар ниҳоди наврасон на танҳо волидон, балки ҷомеа ва дигар муассисаҳои фарҳангию ҷамъиятӣ низ бояд дар ин маврид бетараф набошанд.
Тибқи маълумоти мавҷуда феълан дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои кишвар 355 китобхонаи давлатии омавӣ мавҷуд буда, дар онҳо 2851 нафар кору фаъолият менамояд. Аз ин шумора 213 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ ва 350 нафари дигар бо маълумоти олии умумӣ ва боқимонда бо маълумоти миёнаи касбӣ фаъолият доранд.
Салима Раҷабова -муовини директори Китобхонаи миллӣ доир ба таъминоти кадрӣ дар китобхона зикр кард, ки «Вазъи таъминоти кадрӣ дар Китобхонаи миллӣ, агар аз рӯи фоизноки гирем, зиёда аз 35% кормандон дорои маълумоти олии тахассуси китобдорӣ ва 15% маълумоти миёнаи касбии китобдорианд, боқимонда дорои маълумотҳои дигари соҳавӣ буда, дар шуъбаҳои мухталиф фаъолият менамоянд. Бояд гуфт, ки масъалаи китобдорӣ тахассусӣ то андозае имрӯз роҳи ҳалли худро ёфта истодааст. Вале, масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам мушкилот ҷой дорад. Дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳа як муассисаи олӣ ва ду муассисаи миёнаи касбӣ, то андозае саҳм гузошта истодаанд, вале ин моро бахшро қонеъ карда наметавонад».
Чизи дигаре, ки барои муҳассилини соҳа дар масъалаи рӯ овардан ба китоб монеа эҷод мекунад, ин коргирӣ бо компютер ва дигар воситаҳои техникии замони муосир мебошад. Тибқи итилои масъулини Вазорати фарҳанг «дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ 35846 нусха китобҳо дар шакли электоронӣ маҳфуз аст». Албатта, истифодаи бамавриду огоҳона аз компютер, интернет ва дигар манбаҳои электронӣ доираи ҷаҳонбинии ҷомеаро васеъ менамояд, вале ба китобхона рафтану он ҷо мутолиа намудан чизи дигар аст.
Барои китобхон шудани насли наврас волидон ва омӯзгоронро зарур аст, ки саъю талош намоянд, то роҳҳои нави ба китоб ва мутолиа ҷалб намудани онҳоро дарёфт намоянд. Натанҳо волидон, омӯзгорон, балки аҳли ҷомеаи имрӯзро мебояд сари ин масъала татбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Воқеан, шахсе, ки китобро мутолеа мекунад, бояд маъниҳои бузурги онро дарёфт карда, ҷавҳари маъниро дар дил ҷой бидиҳад. Тавре бузурге фармудааст:
Сад хона китоб хонӣ суде набувад,
Бояд, ки китобхона дар сина бувад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки гузаштагони мо маъниҳои бузургро аз китоб ҳифз намудаву то замони мо онҳоро ба мерос гузоштаанд. Таърих гувоҳ аст, ки душманони ин миллати фаҳангдӯсту илмдӯст борҳо хостанд мероси ниёгони моро ба нестӣ баранд. Аммо ба ин ҳама фишорҳои бадхоҳони миллат нигоҳ накарда бузургони гузаштаи мо мероси гароне аз хеш боқӣ мондаанд, ки аҳли ҷомеаи имрӯзро мебояд аз онҳо ба таври самаранок истифода намуда, ин ганҷҳои бебаҳоро ба ояндагон чун мерос боқӣ гузоранд.
Суқрот гуфтааст, «Агар инсонро бихоҳам ҳукум кунам, аз ӯ мепурсам чанд китоб хондааст ва чӣ хондааст». Зеро калиди дари илму кошонаи маърифат, асоси хираду заковат, ганҷинаи фарҳангу маъхази нуру зиё, тарғибгари шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот, илму адаби пойдору устувор танҳо бо мутолиаи китоб ба мо даст медиҳад. Пас, шитоб бояд кард, китобҳои бузургу нодир дарёфт карду аз онҳо илму маърифат омӯхт, бедор зист, амал кард, то инсони асил бошӣ.
Ҳ. ДАВЛАТОВА


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: