ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ РАВНАҚ МЕЁБАД10-04-2018, 07:58
Хабарро хонданд: 176 нафар
Назарҳо: 0
ХАТЛОН. Чанде қабл аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо фарогирии аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ равнақ меёбад» роҳандозӣ карда шуд. Аксияи мазкур дар ҷойҳои сераҳолии ноҳия, бозору мағозаҳо, марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида, аз ҷониби аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» зиёда аз 2000 адад маводҳои гуногуни таблиғотии ҳизбиро роҷеъ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастрас карда шуда, зиёда аз 70 адад тақвимҳои таблиғотӣ дар ҷойҳои муайян насб карда шуданд. Эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ воқеан бори дигар миллати тоҷикро ҳушдор намуд, ки мо таърих ва фарҳанги ҳазорсола дорем, ки метавонем дар миқёси ҷаҳон аз тоҷику тоҷикистонӣ ва таърихи бою ғании хеш ифтихор намоем. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.