Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Айнишиносӣ дар Ҳинд

Айнишиносӣ дар Ҳинд

7-04-2018, 09:57
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
Айнишиносӣ дар Ҳинд
Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Сомнатҳ Гош, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо Ёрмаҳмад Ниёзӣ, раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон Ҳабибулло Раҷабов, доираи васеъи олимону муҳаққиқон ва аспирантон ҳафтумин лексияи ҷашнии «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» дар мавзӯи «Айнишиносӣ дар Ҳинд» баргузор гардид.
Ёрмаҳмад Ниёзӣ қайд намуд, ки гузаронидани ин намуд чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ олимону коршиносон ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷавонони дар ҷодаи илм тозақадаммондаро ба асолати миллии фарҳангу тамаддуни кишварҳои гуногуни дунё, ки ба Тоҷикистон қаринанд, ошно месозанд. Имрӯз марҳилае расидааст, ки мо бояд нисбати бештари фарҳангҳо шинохте пайдо кунем, зеро танҳо аз ин роҳ метавон тамоми мушкилоти имрӯзро зудтар аз миён бардошт ва роҳҳои ҳалли муносибе пайдо кард. Фарҳанги Ҳинд бо гуногунфарҳангӣ ва таҳаммулгароии худ ин рисолатро дорад ва яке аз намунаҳои беҳтарин барои тамоми кишварҳои ҷаҳон мебошад. Аз ҷумла, Тоҷикистон низ метавонад аз бисёр таҷрибаҳои пешрафтаи кишвари Ҳиндустон дар самтҳои гуногун истифода кунад.
Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош аз дигар чорабиниҳои фарҳангӣ-илмӣ, ки дар оянда ба нақша гирифтаанд, ёдовар шуда, зикр намуд, ки мо манфиатдорем олмони тоҷик аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барои омӯзиши фарҳангу маданияти ҳинд ба Ҳиндустон сафар намуда, рисолаҳо ва маводи илмӣ таълиф намоянд. Номбурда инчунин, гуфт, ки дар оянда ният доранд, дар сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон омӯзиши забони санскритиро ба роҳ монанд, ки хоҳишмандон метавонанд барои омӯзиш муроҷиат кунанд.
Ҳамин тавр, раиси ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон Ҳабибулло Раҷабов баромад карда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти адиб сайёҳ, тарҷумон ва донишманди маъруфи Ҳиндустон Раҳул Санкритяян, ки ба омӯзиши эҷодиёти нависандаи машҳури тоҷик Садриддин Айнӣ машғул гардидааст, маълумоти мушаххас дод. Зикр гардид, ки Раҳул Санкритяян яке аз сермаҳсултарин адиб, олим ва тарҷумон дар адабиёти ҳиндӣ дар асри ХХ мебошад. Ба қалами ӯ тақрибан 125 асар, аз ҷумла 9 роман, 4 маҷмӯаи ҳикояҳо, 16 асар оид ба шахсиятҳои бузурги таърихӣ, 22 китоби хотираҳои сафар, 11 асари фалсафавӣ, 10 рисолаи илмӣ бахшида ба адабиёту таърих, 11 асари тарҷумавӣ ва ғайра тааллуқ доранд. Раҳул Санкритяян ҳамчун тарҷумони болаёқат асарҳои адибони тоҷик, аз ҷумла Садриддин Айниро ба забони ҳиндӣ тарҷума кардааст.
Ӯ ба як қатор мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Иттиҳоди Шӯравӣ сафар кардааст. Дар ҷараёни ҳамин сафарҳо ва муддате кор кардан вай ба омӯзиши адабиёти муосири тоҷик диққати ҷиддӣ додааст. Ба ӯ асарҳои Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода ва Раҳим Ҷалил барин адибони шинохтаи тоҷик хеле писанд омадаанд. Аз гуфтаҳои худи Раҳул Санкритяян маълум мешавад, ки ӯ солҳои дар Ленинград дар донишгоҳи давлатӣ кор карданаш бо устод Садриддин Айнӣ мукотиба доштааст ва пеш аз он, ки бевосита ба тарҷума ва нашри асарҳои устод машғул шавад, аз ӯ маслиҳатҳо пурсидааст. Соли 1948, пас аз як соли озод шудани Ҳиндустон Раҳул Санкритяян якбора ду асари Садриддин Айнӣ – повести «Одина» ва романи «Дохунда»-ро аз забони тоҷикӣ ба забони ҳиндӣ тарҷума ва чоп менамояд. Ҳар ду асар бо номҳои аслиашон чун «Дохунда» ва «Одина» нашр шудаанд.
Соли 1952 Раҳул Санкритяян асари машҳури устод Айнӣ «Марги судхӯр»-ро тарҷума намуда, дар шаҳри Патна бо номи “Судхор ка маут” аз чоп баровард. Тарҷумон ба ин асар ҳам пешгуфтор навишта, дар он сабабҳои ба асарҳои Садриддин Айнӣ мароқи зиёд доштани хонандагони ҳиндуро шарҳ додааст.
«Дохунда», «Одина» ва «Марги судхӯр» дар Ҳиндустон зуд хонандагону қадрдонҳои зиёде пайдо намуданд, ки онҳо боз хоҳиши ба дигар асарҳои Садриддин Айнӣ ошно шуданро доштанд. Ин буд, ки соли 1953 Раҳул Санкритяян боз як романи устод, романи «Ғуломон»-ро (“Ҷо дас ҳе”) ба забони ҳиндӣ тарҷума намуда, аз чоп баровард. Пас тарҷумон дар шаҳри Оллоҳобод соли 1955 романи «Дохунда» ва соли 1956 повести «Одина»-ро бори дуюм пешкаши хонандагон намуд.
Ногуфта намонад, ки мо бояд ифтихор дошта бошем, ки адибон асарҳои моро дар дигар мамлакатҳо низ мавриди мутолеа қарор дода, аз онҳо ёдоварӣ менамоянд. Чунин чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири мо ба монанди устод Айнӣ, ки на танҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун нависандаи бузург эътироф гаштааст, балки дар масириШрқу Ғарби Осиё ба асраҳои ӯ эьтибори хоса зоҳир кардаанд.
Глҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: