Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁН — падидаи дурахшони замони истиқлолият

МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁН — падидаи дурахшони замони истиқлолият

19-03-2018, 15:03
Хабарро хонданд: 247 нафар
Назарҳо: 0
 МУЛОҚОТ БО ЗИЁИЁН — падидаи дурахшони замони истиқлолият

19.03.2018 / АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар нахустин рӯзҳои айёми гулрези Наврӯз дар Душанбе мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни эҷодкор доир мегардад. Ин ҳамоиш яке аз падидаҳои неку хуҷастаи даврони Истиқлолияти давлатии кишвари мо мебошад, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин бора мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ “Ховар” Камол НАСРУЛЛО пешниҳод менамоем:

Ин падида назири худро дар кишвари дигар надорад. Дар ин бора ва боз ҳам гувоҳи сиришти фарҳангдӯстонаи Сарвари адабпарвар ва мардуми фарҳангсолори мост. Дар сарзамине, ки бузургони илму адаб ва нобиғагони суханро ба олам додааст, ин амри табиӣ буда, далели он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами он такя ба дониш ва хиради зотии халқи куҳанбунёди тамаддунпарвари худ мекунанд. Чунин сиёсат имкон медиҳад, ки аҳли зиёии кишвар, тамоми олимон, адибон, аҳли эҷод дар тамоми намудҳои фарҳанг дилгарм ба касбу кору пешаҳои бунёдии ҳунарҳои миллии мо бошанд. Имконият ва заминаҳои нави рушду такомули соҳаҳои гуногуни фарҳанг фароҳам оварда шавад ва дар тӯли 26- соли Истиқлолияти Тоҷикистони навин мо шоҳиди эҳёи дубора ва нумӯи тозаи илму адабу фарҳангамон ва дастовардҳои зиёде дар соҳаҳои мухталифи он гардидаем. Таваҷҷуҳи шахсӣ ва муҳаббати воқеии Сарвари кишвар ба адибону олимону аҳли ҳунар раҳнамои ин рушду комёбиҳо гардидааст.

Яке аз падидаҳои ҷолиби мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиёни кишвар дар ду соли охир ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони болаёқату соҳибистеъдод ба ин мулоқотҳо мебошад. Вақтҳои охир дар ин вохӯриҳо ба ҷавонон низ минбари сухан ва имконияти ворид шудан ба майдони табодули афкор, ибрози андешаҳо дода мешавад, ки ба ин васила як насими тозаи андешаву афкори ҷавонӣ ба муҳити маърифатии кишвар ворид мегардад, ки заминаҳои хубе барои рушди қобилияти ҷавонон, дилгармии онҳо фароҳам оварда, мӯҷиби ба вуҷуд омадани фазои тозаи эҷодӣ дар муҳити зиёиёни кишвар мешавад.

Беҳуда нест, ки мулоқот бо зиёиёни кишвар маҳз дар ростои ҷашни бузурги миллии мо- Наврӯзи фаррухқадам ба вуқӯъ мепайвандад. Зеро маҳз Наврӯзи аҷам симои хирад ва маърифату фарҳанги миллии моро дар худ таҷассум сохтааст ва маҳз дар ҳамин ҷашни бузурги миллии мо беҳтарин таомул, маросиму суннату оинҳои миллии қадимаи мо зиндаву поянда мондаанд, ки ҳар яке сарчашма ва мактаби эҷодкорӣ ва офариниш буда, ангезиши тозае ба аҳли зиё дода метавонанд.

Муҳити фарҳангиву адабӣ дар ҳаёту рӯзгори халқи мо ҳамеша вуҷуд доштааст. Ҳатто дар дурдасттарин гӯшаҳои Тоҷикистони фарҳангпарвари мо, дар муҳити халқ ҳамеша маҳфилҳои адабӣ ва ҳунарӣ амал мекардаанд ва суннатҳои «Шоҳнома»-хониву Ҳофизу Бедилхонӣ вуҷуд доштаанд, ки гувоҳи сиришти адабпарвари мардуми хирадпешаи мо будааст. Маҳфилҳои шеъру сухан ва мусиқӣ дар доираи пирони фозилу донишмандони мардумӣ мисли мактабҳое будаанд, ки ба мардуми мо, хусусан ба ҷавонони соҳибзавқ дарси маърифат, одобу одамгарӣ, сухангӯиву суханпарварӣ медодаанд. Чунин маҳфилҳо заминаҳои неке барои рушди истеъдодҳои ҷавон мегузоштанд.

Ба ҷуз ин халқи куҳанбунёди мо собиқаи бемисли фарҳангиву таърихӣ дорад ва бузургону нобиғагонеро дар муҳити худ парваридааст, яъне заминаҳои зуҳури онҳоро доштааст. Дар ин диёр фарҳанг ва адабиёт ҳамеша раҳнамои мардум ва афрӯзандаи эътимоду эътиқод ба покиву ростиву некӣ будаасту ҳаст. Дар ин сарзамин забон падидаи меҳру муҳаббат, падидаи фазилату одоб аст. Яъне ҳама дастовардҳои рӯҳониву ақлонӣ ва фарҳангии мо дар забон ва фарҳанги оламшумуламон таҷассум ёфтааст.

Истиқлолияти давлатӣ моро ба асли худамон бозгардонд. Ба асли инсониву фарҳангии худамон. Бубинед, чӣ гуна расму таомул ва суннатҳои неки миллии мо ҷон гирифтаву зинда шуданд. Мисли он ки боғбоне омаду ин боғи ба тороҷрафта, аз чор сӯ помолу шикаставу буридашударо аз нав тоза кард, нумӯ бахшид, сарсабзу шукуфон кард. Мисли ин ки дасти бошарофате расиду ҳама мурғони зору гирифторро аз қафасҳо озод кард. Фарҳоде омаду аз моварои кӯҳҳои сангин ҷӯйборе канду обҳои мусаффоро ба заминҳои ин диёр ҷорӣ сохт ва ба мардуми ташнакоми мо ҷони дубора дод. Ин ташнагӣ ташнагӣ ба асолати худ буд, чун ба шири модар. Истиқлолият, озодӣ мисли ин ки кӯдаку модарро ба ҳам расонд. Яъне миллатро ба асли худ пайваст ва неруи тозаву ҷонбахш дод. Соҳиби худ, соҳиби номи худ, нони худ, обу хоки худ гардонд. Аз ҷумла, сухан, ҳунар, суннатҳои неки миллӣ мисли парандагоне буданд, ки аз қафасҳои асринаи гирифториҳо озод шуданд ва акнун дар ҳавои истиқлолияти кишвар, дар фазои озодии он болу пар кушодаву ба парвоз омаданд. Ин аст наҷибтарин дастоварди миллати мо, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ насиби мо гашт.

Дар замини сабзи Истиқлолият яке аз он дарахтони муҳташаме, ки аз нав шукуфону гулафшон шуд, дарахти худшиносии миллати мо буд, ки бо ташаббуси Сарвари сабзсиришти мо парвариш ёфтаву қомат афрохт. Роҳи дурусте, ки аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами он пеш гирифтанд, иқдомҳои зиёд ва чорабиниҳои муҳими давлатӣ бо ҳадафи худшиносии миллӣ буд.

Инак метавон пайдарҳам ном бурд: ҳанӯз соли 1994 Симпозиуми байналмилалии ҳазораи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, соли 1995 бузургдошти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, соли 1996 таҷлили ҷашни 675- солагии Камоли Хуҷандӣ, соли 1997 таҷлили ҷашни 950-солагии Умари Хайём, соли 1998 90-солагии Бобоҷон Ғафуров. Яъне ҳар сол таҷлил ва бузургдошти яке аз фарзонагони миллат. Баъдан бад-ин сурат идома меёбад: ҳазорсолагии Носири Хисрав, ҳаштсадсолагии Ҷалолиддини Балхӣ, ҳазору яксаду панҷоҳсолагии Абуабдуллои Рӯдакӣ, шашсадсолагии Абдураҳмони Ҷомӣ, садсолагии Мирзо Турсунзода ва ғайраву ғайраҳо. Дар баробари ин таҷлили ҷашнҳои шаҳрҳои қадимии тоҷик: 2500-солагии Ӯротеппа, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори бостонӣ… Ҳар кадоми ин ҷашну бузургдошт на фақат эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллии халқи моро баланд бардоштанд, балки ба шарофати онҳо шаҳру деҳоти кишвар обод гаштаву симои худро зеботар намуд.

Метавон ба ин рӯйхат интишори бешумори осори таърихӣ ва бузургони гузаштаву имрӯзаро аз «Авасто» то силсилаи панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб»-ро зам намуд. Метавон аз бузургдошти забони модарӣ, таҷлили Наврӯзи аҷам ва мақоми байналмилалӣ гирифтани он, аз эҳёи дубораи Шашмақому Фалак, ободии мавзеъҳои таърихӣ, амсоли Саразму Ҳулбук ва дигарон, аз таҷлили ҷашну иду маросимҳои бешумори миллии мо дар замони истиқлолият, ки ҳама ҳадафи худшиносии миллӣ, таҳкими маънавиёти халқамонро доштанд, ҳарф зад.

Аммо хуҷастатарин падида ва рухдоди таърихӣ, ки гувоҳи фарҳангпарастии бесобиқаи Пешвои миллат ва арҷгузории баланди ӯ ба илму адабиёт ва хизматҳои шоиставу ҷоннисоронаи фарзандони миллат аст, Қаҳрамони Тоҷикистон эълон кардани устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров буд.

Ин хушбахтии эҷодкорон аст, ки Пешвои миллатамон чунин инсони фарҳангдӯсту адабпарвар аст. Арҷгузории баланд ба онҳо дорад. Ҳанӯз аз нахустин рӯзҳо ва ҳатто соатҳои омадан ба сари кор ӯ такя ба аҳли илму адаб, зиёиёну равшанфикрони миллат кард. Аввалин мулоқоти ӯ низ баъд аз омадан ба пойтахти кишвар, дар рӯзи дуюм, мулоқот бо аҳли илму адаб буд, ки мо ҳама ин мулоқоти таърихӣ ва самимонаро дар ёд дорем. Агар миллати афтодаи мо бо неруи худ пайваста қомат афрохтаву боло шуд, ба шарофати он аст, ки ӯ такя ба хирад кард, муттакоро дар суннатҳои неки миллии худ ҷуст ва худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба бузургон дошт.

Ҳар миллат аз паси фазилатҳои зотии худ меравад, миллати мо, Сарвари мо низ ин роҳро пеш гирифтанд. Дар ҳеҷ кишвари дигар чунин нест, ки Президенти кишвар ҳар сол бо кулли зиёиён рӯ ба рӯ нишинаду мулоқот кунад, арзу дод ва пешниҳодашонро бишнавад. Мо, аҳли адаб, шоҳиди тамоми ин мулоқотҳо будаем, дидаем, ки чӣ гуна Сарвари кишварамон самимона бо адибон суҳбат мекунад, онҳоро мефаҳмад, ба онҳо эътимоду бовар дорад. Эътимод ва бовари Пешвои миллат ба зиёиён, эътимоду бовар ба илм, адабиёт, санъату ҳунар аст, ки дар тӯли таърихи гарони мо ягона ҳуҷҷати ҳастӣ ва сипари рӯзгорони миллати мо будааст.

Эътимоди Сарвари миллати мо ба анъана, расму ойин, ҳунарҳои миллӣ низ беҳуда нест. Инҳо ҳама сутунҳое ҳастанд, ки кохи фарҳангу маданияти мо, қалъаи имону виҷдони моро дар тӯли асрҳо алайҳи боду бӯронҳои шигифтангези таърих зиндаву пойдор нигоҳ доштаанд. Аввалин гомҳои Ҳукумати соҳибистиқлол ва халқи хирадниҳоди мо дар эҳёи дубораи забони модарӣ, ки шаҳсутун ва муттакои ҳастии миллати мост, дар дастгириву ғамхорӣ аз эҳёи суннатҳои баланди миллиамон, аз ҷумла. Наврӯзи аҷам, ки мисли ҷавшан дар корзори таърих моро аз тиру туфанги марговари душманон ҳимоят намудааст, беҳуда нест. Зеро ҳамин забони муқаддаси модарӣ, ҳамин суннатҳои некманишона, ҳамин Наврӯзи хуҷастаниҳод, ки бар зербуни абадият қомат афрохтааст, халқи фарҳангофару заҳматдӯсти моро зинда доштаанд.

Мо зиёиёни тоҷик хушбахту сарфарозем, ки чунин Сарвари адабпарвар, ватандӯст дорем, ки пуштибони ҳунару санъату адабиёт аст. Мо хушбахтем, ки ӯ дӯстдори каломи волост, пуштибону дастгири ҳар нафар соҳибистеъдод ва ҳунарманд аст. Ин падида низ танҳо дар кишвари мост, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни Наврӯзи ҳумоюнфар, дар арафаи мулоқот бо равшанфикрон Сарвари кишвар аз ҳисоби захираҳои Президентии худ маблағи ҳангуфтеро барои нашри китобҳои адибон ҷудо мекунанд. Ба ин шарофат беҳтарин намунаҳои адабиёти мо ба сурати китоб медароянд ва ба дасти таърих, ба дасти хонандагонашон мерасанд. Ин ғамхорӣ, ин дастгирӣ назир надорад.

Ва оқибат мо ҳама мафтуни суханони пур аз меҳру муҳаббат ва самимонаи Президентамон ҳастем. Вақте ки Пешвои миллат дар мулоқоти хотирмони таърихии худ бо зиёиёни кишвар ва адибони ҳавзаи Наврӯз, ки аз гӯшаҳои гуногуни дунё ҳузур доштанд, аз минбари баланд бо муҳаббат ва самимият изҳор доштанд, ки: «Ман шоиронро дӯст медорам!», ҳама ҳозирин- ҳам мо, зиёиёни тоҷик ва ҳам меҳмонон, адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз сари по хеста, дуру дароз кафкӯбӣ карданд. Вақте ӯ мегуфт, ки «Ман шоиронро дӯст медорам», шаҳд аз забонашон мерехт, чашмонашон медурахшиданд ва воқеан дар ин изҳор меҳру муҳаббат ҷилвагар буд. Ин суханон дили мо, роҳи мо, дунёи моро рӯшан карданд ва ман аминам, ки ҳамеша рӯшании онҳо бо мо хоҳад буд.

Мо, шоирони тоҷик бо ҳама самимияту муҳаббати фарзандона дар ҷавоб мегӯем: Мо низ Пешвои худамонро дӯст медорем, Пешвоеро, ки Тоҷикистонро аз вартаи нестӣ наҷот додааст, Пешвоеро, ки Тоҷикистонро дубора эҳё гардонидааст, Пешвоеро, ки тавонистааст моро ба Ваҳдати миллӣ расонад, Пешвоеро, ки ному шарафи миллати моро баъд аз бузургони гузаштаву оламшумуламон дар арсаҳои ҷаҳонӣ дурахши тоза бахшидааст, Пешвоеро, ки шӯълаи ишқи ватанро дар ниҳоди ҳар яки мо фурӯзон сохтааст. Ва оқибат Пешвоеро, ки бо аҳли илму адабу ҳунари кишвари хеш аст.

Чӣ қадар меҳр, самимият ва маъниҳои таҳтонии зиёде дар ин изҳор, дар ин мафҳум ҷилвагар аст: Ман шоиронро дӯст медорам!

Аввало, ман шоиронро дӯст медорам, яъне, ман ба сухан арҷи баланд мегузорам аст. Баъдан, ман шоиронро дӯст медорам, яъне, ман фарҳангу маърифату фазилати халқамро дӯст медорам, ман хазинаҳои маънавии гузаштагон, нобиғагони илму адаб, ҳунар ва истеъдод, завқу дониш ва хуҷастагиҳои миллати эҷодкори худро дӯст медорам аст. Ва оқибат, ман шоиронро дӯст медорам, яъне ман инсонро дӯст медорам, зебоиҳоро дӯст медорам, арҷи баланд ба ишқ, ба меҳру муҳаббат, ба одамгарӣ, хайрхоҳиву некномӣ мегузорам гуфтан аст. Бидуни шубҳа, дар ин маврид дар мафҳуми шоирон тамоми равшанфикрони миллати мо ҳаққи ҳузур доранд ва ҳамин тавр ҳам ҳаст.

Мо, адибону равшанфикрони тоҷик, мешитобем ба мулоқот бо Сарвари дарёдили кишвари худ, бо пуштибону ғамхори эҷодкорон, бо Пешвои миллат, бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, то аз сухани ӯ боз дил равшан кунем, то аз гулхани фурӯзони ҳастии ӯ дар вуҷуди худ низ гулханҳо барафрӯзем, то аз оташи фурӯзони ниҳоди ватандӯстонаи ӯ дар чашму дилу дастонамон машъалаҳо барафрӯзем ва бо неруи наву тоза, бо рӯҳияи наҷиби меҳанпарастӣ ба бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли худ идома диҳем.



Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон,

барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,

ходими адабии АМИТ «Ховар».
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: