Дар Франсия ҷашни Наврӯзи Аҷам таҷлил гардид17-03-2018, 08:30
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
Март 16, 2018 18:20 ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 15 марти соли 2018 бо ташаббуси сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон ва Қазоқистон) дар қароргоҳи Комиссияи СММ оид ба соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъомади муҳташам доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои Франсия, ҳайати дипломатӣ, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Франсия ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Даъватшудагон бо таомҳои миллии кишварҳои таҷлилгари Наврӯз шинос шуда, бо расму русуми наврӯзӣ дар бораи таҷлили Наврӯз дар ҳар яке аз ин кишварҳо шинос шуданд. Сафорати Тоҷикистон дар навбати худ мизи миллиро бо унсурҳои ҳафтсину ҳафтшин ҳамроҳ бо ашёи хоси миллии тоҷикӣ ороста, ҳамзамон маводи шиносоӣ ва таблиғотии чопиро оид ба Тоҷикистон ба хотири муаррифии бештари кишварамон ба маъраз гузошт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.