Наврӯз16-03-2018, 10:42
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Шуд баҳору дашту домон хуш гулафшон гаштааст, Ғунча мино, шоха соқӣ, анбарафшон гаштааст, Бар машомам мерасад боз накҳати нози баҳор, Боз рӯъё чун кабутар пар-парафшон гаштааст. Абри найсон гиря дорад, гиряааш аз баҳри чист? Хандареш аст, пеши лола, ваҳ, чӣ нолон гаштааст. Дар самои бекарони нилгуни пурсафо... Офтоби нурафшон, бин чӣ хандон гаштааст. Нам-нами борон садои дилбарӣ дорад чӣ хуш, Бар сарам борони раҳмат ғамзаафшон гаштааст. Орифӣ дар иди Наврӯз бодахорӣ мекунад, Масту мадҳуши парешон баҳри ҷонон гаштааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.