Шуд баҳору дашту домон хуш гулафшон гаштааст9-03-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
Шуд баҳору дашту домон хуш гулафшон гаштааст,
Ғунча мино, шоха соқӣ, анбарафшон гаштааст. Бар машомам мерасад боз накҳати нози баҳор, Боз рӯъё чун кабутар бол афшон гаштааст. Абри найсон гиря дорад, гиряааш аз баҳри чист? Хандареш аст, пеши лола, ваҳ.. чӣ нолон гаштааст. Дар самои бекарони нилгуни пурсафо, Офтоби нурафшон, бин чӣ хандон гаштааст. Нам-нами борон садои дилбари дорад чӣ хуш, Бар сарам борони раҳмат ғамзаафшон гаштааст. Орифӣ дар иди НАВРУЗ бодахорӣ мекунад, Масту мадҳуши парешон баҳри ҷонон гаштааст. Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.