ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз густариши ифротгароӣ дар миёни ҷавонон пешгирӣ мекунад24-12-2015, 10:29
Хабарро хонданд: 485 нафар
Назарҳо: 0
Имрўз бо ибтикори ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Кўлоб дар доираи даври дуюми чорабиниҳо оид ба пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ дар мавзўи «Ифротгароии ҷавонон: омилҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз он» мизи гирд доир гардид.
Дар кори мизи мудаввар роҳбарияти созмони ҷавонони ҳизб, роҳбарони намояндагиҳои ҲХДТ дар шаҳру навоҳии минтақаи Кўлоб, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони бахши кор бо ҷавонон, занон, мақомоти муҳоҷират, дин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони мустақили масоили диниву мазҳабӣ ширкат ва суханронӣ намуданд. Зимни чорабинӣ мавзўъҳои вобаста ба сабабҳои ифротгароии ҷавонон, таҳлил ва баҳогузории ифротгароӣ, нақши васоити ахбори омма дар тарғиби мубориза бо ифротгароии ҷавонон, ислом ва ҳаракатҳои ифротии мазҳабии муосир ва иқдомоти ҳукумат дар масоили пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бояд гуфт, ТҶҶ «Созандагони Ватан», ки дар самти тарбияи ватандўстии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рўҳияи андеша ва ақидаҳои солиму созанда дар ин мизгирд ироагардида барои таҳия ва тадбиқи ҷараёнҳои наву самарабахши корбарӣ кумак хоҳад намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.