Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри китоб» дар такомули беҳтарин малакаҳои хониши кӯдакон нақш мегузорад

Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри китоб» дар такомули беҳтарин малакаҳои хониши кӯдакон нақш мегузорад

5-03-2018, 10:49
Хабарро хонданд: 250 нафар
Назарҳо: 0
Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри китоб» дар такомули беҳтарин малакаҳои хониши кӯдакон нақш мегузорад

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. «Сайри китоб»- таҳти чунин унвон аз 15 апрел то 15 майи соли равон дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадаф аз баргузории фестивал- ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила, дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки оғози фестивал дар рӯзи таҷлили 140-солагии зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва ҷамъбасти он дар рӯзи зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб ва Рӯзи байналмилалии оила сурат мегирад.

Дар доираи фестивал баргузории чорабиниҳо ва озмунҳои гуногун дар назар буда, ғолибони озмун, иштирокчиёну созмондиҳандагони фаъол бо мукофотҳо, ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки фестивали мазкур бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: