Муаррифии китоби «Мероси фарҳанги ғайрмоддии тоҷикон» дар сафорати Амрико25-02-2018, 16:47
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Дар Сафорати Амрико дар Тоҷикистон вохӯрии муаллифони китоби «Мероси ҳунарҳои ғайрмоддӣ дар Тоҷикистон» бо намояндагони сафорат баргузор гардид. Суҳбати гарму саммимӣ миёни сафири тозаинтихоби Илоёти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Кевин Коверт бо пажӯҳишгарони ҳунарҳои мардумии тоҷик раду бадал шуд. Китоби мазкур дар натиҷаи таҳқиқоти олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буда, бо дастгирии молиявии Маркази мероси фарҳанги ғайрмоддии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ICHCAP) ба табъ расидааст. Дар китоб унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷикон дар ҳафт бахш тасвир ва тавсиф шуда, бо аксҳои тозаву ҷолиб ороиш ёфтааст. Баъд аз вохӯриву суҳбат ва муаррифии китоб маълум шуд, ки намояндагони сафорат ин иқдомро хуб арзёбӣ карда, ба саъю кӯшиши муаллифон барои ба табь расондани чунин китоб баҳои баланд доданд. Онҳо мегӯянд, ки халқи тоҷик ҳақиқатан ҳам ҳунари асили худодод доранд, ки бояд аз ин ам бештар мавриди пажӯҳишу интишор қарор гирифта шавад. Дар охир маъсулини сафорат зикр карданд, ки барои омӯзишу баррасии паҳлӯҳои гуногуни фарҳангу ҳунарҳои мардуми тоҷик дастгирии минбаъдаи худро дареғ надошта, кӯшиш мекнунанд то ҳиавон барои мадади молиявӣ ба муҳаққиқон дасти ёрӣ дароз кунанд. Гулҳаё Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.