Сафорат ва консулгариҳои ИМА дар Туркия баста шуданд21-12-2016, 12:14
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Сафорати ИМА дар шаҳри Анқара ва консулгариҳои ин кишвар дар шаҳрҳои дигари Туркия баъди он ки як мард ба бинои сафорат наздик шуда, чанд тир кушод, баста шуданд. Сафорати ИМА хабар медиҳад, марде, ки тир кушода буд, аз сӯи пулис боздошт шудааст. Хабаргузориҳо менависанд, ки марди боздоштшуда силоҳи пинҳониро аз зери либосаш бароварда, тақрибан ҳашт тир кушодааст. Ӯро муҳофизони сафорат боздошт кардаанд. Ин ҳодиса баъди чанд соати куштори сафири Русия дар Туркия рӯй дод. Сафири Русия Андрей Карловро дар намоишгоҳи аксҳо дар шаҳри Анқара куштанд. Марде, ки сӯи сафир тир кушод, Русияро дашном дода, гуфт, "қассоси Сурияро меситонад". |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.