Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

1-03-2018, 11:07
Хабарро хонданд: 192 нафар
Назарҳо: 0
МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 28-уми феврали соли 2018, дар толори ҶДММ “Ноқили ТАЛКО”, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он Абдураҳимова Д.Ҳ. –муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода З.Ф.-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Маҳмуродзода М.Б.,- муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Усмонзода Усмоналӣ – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳиён Юсуф директори генералии ҶДММ “Ноқили ТАЛКО” аъзоёи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, комиссияи тафтишотӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раисону муовинони ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони ВАО иштирок карданд.

Дар оғоз, Файзуллозода З.Ф.-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халкии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлисро ифтитоҳ намуда, доир ба фаъолияти сохторҳои ҳизбии ноҳиявӣ дар соли 2017 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2018 гузориш кард. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар давоми соли 2017 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, қарорҳои Анҷумани ХII, Конференсияи ХVI ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанберо ба роҳбарӣ гирифта, талаботҳои санадҳои ҳизбии зикр гар дидаро дар амал татбиқ намуда, соли 2017-ро бо дастовардҳои назаррас ва дилхоҳ ҷамъ баст намуданд.

Инчунин, дар бораи ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои Маҷлиси КумитаиИҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2018 ва омӯзишу баррасии Паёмро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҲХДТ арзёбӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, бо мақсади татбиқи амалии “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷиҳати андешидани чораҳои мушаххас КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вазифадор карда шавад.
Маҳмуродзода М.Б., - муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад карда, фаъолияти сохторҳои ноҳиявии ҳизбро дар соли 2017 қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Абдураҳимова Д.Ҳ. –муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баромад намуда, бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2017 фаъолияти назарраси сиёсиро ба роҳ монда, дар тамоми чорабиниҳо фаъолона ширкат варзиданд. Дар баромади худ оиди корҳои анҷомдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар соли 2017 оиди зиёд гардидани аъзои ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамчунин, Давлатзода Қудрат Қамбар бино ба сабаби ба кори дигар гузаштан, Шарипов Ибодулло Ҳабибуллоевич ва Назарзода Аслиддин Гулмурод бинобарсабаби иштирок накардан дар Маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия аз аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бозхонд карда шуд ва Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, Шоҳиён Юсуф ва Қувватова Рафоат Ашӯровна - ба аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе интихоб карда шуданд.
Дар хотимаи Маҷлис ба як қатор аъзоёни ҲХДТ барои саҳмиа рзанда дар корҳои ташкилию сиёсии ҳизб, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва устувор гардонидани мавқеи ҳизб дар ҷомеа бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: