Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳиссаи саноат дар ММД ба 27,5 фоиз баробар гардид

Ҳиссаи саноат дар ММД ба 27,5 фоиз баробар гардид

21-02-2018, 10:51
Хабарро хонданд: 221 нафар
Назарҳо: 0
Ҳиссаи саноат дар ММД ба 27,5 фоиз баробар гардид
Ба гуфти Шавкат Бобозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти соҳаҳои саноати ҷумҳурӣ имконият фароҳам оварданд, ки дар соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар қиёс ба соли 2016 ба маблаѓи 4,9 миллиард сомонӣ афзоиш ёфта, ба 20,0 миллиард сомонӣ баробар гардад. Дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ саҳми соҳаҳои коркард, истихроҷ, маъдан, хўрокворӣ ва электроэнергетика нисбатан бештар буда, мутаносибан 58,6 -18,6 фоизро ташкил медиҳад. Танҳо худи як корхонаҳои маъдан ба маблаѓи панҷуним миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Саноатчиёни ҷумҳурӣ бори аввал ба нишондиҳандаи баландтарини истеҳсоли 17 ҳазору 200 тонна риштаи пахта ноил гардида, 2,7 миллион метри мураббаъ қолин бофтанд, ки нисбат ба соли 2016-ум 1 миллион метр зиёд аст. Дар саноати мамлакат ба тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда, назири фториди алюминий, кислотаи сулфат, криолит, каогулянт ва ѓайра бештар диққат зоҳир карда, ҳамчунин бо хариди зиёда аз 1 миллион тонна гардум ва коркарди саноатии он ҳаҷми истеҳсоли орди ватанӣ ба 647,6 ҳазор тонна расонида шуд. Умуман, дар ин сол ҳиссаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти истеҳсолшуда дар дохили кишвар ба 27,5 фоиз баробар гардид.
Вазирии саноат ва технологияҳои нав бо манзури нишондиҳандаҳои пешрафти саноати кишвар, инчунин ба саволҳои зиёди хабарнигорон оид ба имкониятҳои сохтмони корхонаи қандистеҳсолкунӣ дар ҷумҳурӣ, чӣ навъи маҳсулот пешниҳод кардани Тоҷикистон ба шарикони тиҷоратии ўзбек ва ѓайра ҷавоб гуфт. Дар мавриди бунёди корхонаи қанд изҳор дошт, ки доир ба сохтмони он лоиҳа ҳаст, аз тарафи вазорат ҳеҷ монеае вуҷуд надорад, вале қаблан мутахассисони соҳаи кишоварзӣ оид ба мувофиқ будани парвариши зироатҳое мисли найшакар ва лаблабу, ки аз онҳо қанд истеҳсол мешавад, бояд хулосаҳои худро пешниҳод кунанд.
-Дар соли 2017 гардиши мол миёни Тоҷикистону Ўзбекистон ба 124 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Мо ба Ўзбекистон алюминийи аввалия, навъҳои гуногуни маъдан, нахи пахта, неруи барқ, меваи хушк, газвори нассоҷӣ, калобаҳои пахтагӣ ва дигар маҳсулоти саноатие, ки миқдорашон ба садҳо мерасад, пешниҳод мекунем. Воридот ва содироти мол бо ҷумҳурии ҳамсоя қариб яксон аст. Мо бо шарикони ўзбек дар ин масъала пайваста дар алоқа ҳастем ва албатта, ҳамкориҳо боз ҳам ривоҷу равнақ хоҳанд ёфт, -гуфт шахси аввали саноати Тоҷикистон.


Н. Худойбахшов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: