Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвон

6-09-2016, 09:40
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат иштирок намуданд.

Боз як иқдоми бузург ва талоши бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди бемайлони соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, паст кардани шиддати воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба Тоҷикстон ва афзун намудани нишодиҳандаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар остонаи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, самараи дилхоҳ ба бор овард. Ин навбат бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳияи аз лиҳози саноатӣ аллакай пешрафта Корхонаи бузурги истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

3-юми марти соли 2010 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ниятҳои неку созанда барои таъмини рушди иқтидори истеҳсолӣ ва тараққиёти иқтисодии мамлакат, бо ҷои кор таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳимтар аз ҳама паст кардани сатҳи вобастагии Ширкати алюминии тоҷик "Талко" аз ашёи хоми воридотӣ, ҳамчунин мавриди истифода қарор додани имконияту захираҳои дохилӣ дар ин маҳаллаи саноатии ноҳияи Ёвон ба сохтмони Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат санги асос гузошта буданд.

Дар ин рӯз яъне баъд аз шаш соли ҷаҳду талоши шабонарӯзӣ дар роҳи расидан ба нақшаю ниятҳои манфиатбор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмачаи рамзӣ расман ба фаъолияти ин корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшиданд.

Криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат аз маҳсулотҳои асосӣ дар саноати истеҳсоли алюминий ба ҳисоб рафта то имрӯз ин номгӯйи маҳсулот асосан аз кишварҳои назди Балтика, Белорусия, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи тоҷик ворид карда мешуд. Баробари ба кор шуруъ кардани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат Ширкати алюминийи тоҷик аз вобастагӣ ба воридоти ин намуди маҳсулот пурра раҳо ёфта шароиту имкониятҳои содиротӣ ноил мешавад. Аллакай як қатор давлатҳои истеҳсолкунандаи алюминий, аз ҷумла, корхонаҳои алюминийи Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Баҳрайн, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои харидории криолит ва фториди алюминийи Тоҷикистон пешниҳоди ҳамкорӣ намудаанд.

Дар даромадгоҳи асосии корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи дурнамои рушди Корпоратсияи кимиёвию металлургии тоҷик, ки сохтмони Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат марҳилаи якуми он мебошад, муаррифӣ карда шуд. Бояд таъкид кард, ки барои пешбурди истеҳсолот дар Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат ба ҳайси ашёи хом флюорит истифода мешавад, ки ҷиҳати коркард ва истихроҷи он дар «Комбинати маъдантозакунии Такоб» корҳо дар моҳи августи соли равон аллакай оғоз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи 20-гонаи кишварҳои бузурги ҷаҳон аст, ки захираҳои бойи флюорит дорад.Бо дастгириии бевосита ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, имрӯз яке аз мавзеи дорои захираҳои бойи флюорит дар мамлакат ва ҷаҳон "Такоб" эҳё гардида кори Комбинати маъдантозакунӣ фаъол гардонида шуда, дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолии он зиёда аз 1200 нафар ба кор таъмин мегардад. Барои фаъол гардонидани кори ин манбаи истеҳсоли ашёи хоми зарурӣ ва бунёди коргоҳи истихроҷ ва коркарди флюорит аллакай 70 млн сомонӣ сармоя ҷалб шуда истихроҷ ва коркарди флюорит оғоз гардидааст. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ захираи умумии флюорит дар мавзеи Такоб ба 623 ҳазор тонна баробар буда ҳамасола дар конҳои алоҳидаи ин мавзеъ беш аз 50-60 ҳазор тонна флюорит таввасути ғанигардонии маъдан истихроҷ ва коркард карда мешавад. Комбинати маъдантозакунии Такоб ягона манбаи таъминкунандаи Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат бо ашёи хоми зарурӣ набуда, дар оянда Ширкати алюминийии тоҷик "Талко" ҳамчунин нақша дорад, истихроҷ ва коркарди флюоритро дар мавзеи Мағови дараи зебоманзари Ромит низ ба роҳ монад.

Тартиби истеҳсоли маҳсулот дар Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат нахуст аз марҳилаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар коргоҳи алоҳида оғоз мегардад. Ашёи хом барои истеҳсоли кислотаи сулфат аз хориҷи кишвар таввасути роҳи оҳани ба тозагӣ бунёдёфта ба корхона дастрас карда шуда дар марҳилаҳои гуногуни технологӣ кислотаи сулфат истеҳсол карда мешавад.

Сипас дар коргоҳи истеҳсоли кислотаи гидрогенфторид бо роҳҳои кимёвӣ ин намуди маҳсулот ҳосил карда шуда барои истеҳсоли алюминийи фтордор ва криолит ба коргоҳҳои истеҳсоли ин намуди маҳсулот интиқол дода мешавад.

Дар коргоҳи истеҳсоли алюминийи фтордор, ки баъди гузаронидани марҳилаҳои кимёвии дар боло номбаршуда ин намуди маҳсулот ба даст оварда мешавад, ҳамасола истеҳсоли 18 ҳазор тонна алюминийии фтордор дар назар дошта шудааст. Месазад таъкид кард, ки талаботи солонаи Ширкати алюминийии тоҷик ба ин намуди маҳсулот нисбатан камтар буда корхона имкон дорад, ки ҳамсола алюминийи фтордори барзиёд истеҳсолшударо ба хориҷи кишвар содирот намояд.

Тавре таъкид намудем, криолит аз ашёи хоми асосӣ дар истеҳсоли алюминий ба ҳисоб рафта фториди таббии мебошад ва он бо назардошти минерали нодир ва камёфт буданаш асосан дар шакли сунъӣ омода шуда дар истеҳсоли он флюорит васеъ истифода бурда мешавад.

Се коргоҳи бузурги як корхонаи азими саноатӣ, ки дар онҳо истеҳсоли нодиртарин маҳсулоти зарурӣ барои саноати алюминий амалӣ мешавад баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан ҷойи кории доимӣ барои зиёда аз 800 нафар гардида дар ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва афзун намудани қудрати содиротии мамлакат нақши бузург мегузорад.

Барои фаъолияти муназзами ин корхонаи азим ангиштсанг истифода мегардад, ки истихроҷ ва дастрас кардани он аз Кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнӣ аз ҷониби Ширкати Талко-Ресурс анҷом дода мешавад. Дар лоиҳаи сохтмони корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли гази технологияи сатҳи баланд бо фарогирии ду муҳаррики истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.Агар як бартарияти корхонаи нав ин истеҳсоли гази технологияи баланд бошад, пас бартарияти дигар ин дар натиҷаи марҳилаҳои технологию кимиёвии коркарди ашёи хом истеҳсоли зиёда аз 2,7 меггаватт қувваи барқ мебошад, ки нисфи талаботи худи корхонаро бо нерӯи барқ қонеъ мегардонад. Барои фаъолияти бенуқсони ин иншооти бузурги саноатӣ ифрасохтори зарурӣ муҳайё карда шуда дар як давраи кутоҳ аз ҷониби Ширкати алюминийи тоҷик «Талко» аз ҷумла 5 км роҳ ва 12 км хатҳои об бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз коргоҳҳои истеҳсолӣ, маркази идоракунӣ, анборҳои нигоҳдории маҳсулоти тайёр ва дигар иншооти ҳудуди корхона бевосита дидан карда ба мутахассисони ҷавони ба кор ҷалб гардида барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ маслиҳату тавсеаҳои судманд доданд. Президенти мамлакат зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот ва кори таҷҳизоту технологияҳои муосири васлу насбшуда таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва тарбияи мутахассисони ҷавону варзида барои идомаи кор дар таҷҳизоту технологияҳои муосир ҷалб намуда роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро барои тақвияти тадбирҳои таъхирнопазир дар ин самт вазифадор намуданд.

Назорат ва идораи истеҳсолот дар дастгоҳи марказии корхона асосан аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ, ки дар хориҷи мамлакат курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро гузашта нозукиҳои кори идоракунӣ ва истеҳсолотиро аз худ кардаанд, ба иҷро расонида мешаванд.

Бештари мутахассисони дастгоҳи маркази идоракунӣ ҷавонони маҳаллии ноҳияи Ёвон, ки хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои олии хориҷи кишвар, аз ҷумла, муассисаҳои таълимии олии шаҳрҳои Москва ва Остона, мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар корхонаи навбунёд ҳамасола 12 ҳазор тонна криолит,18 ҳазор тонна фториди алюминий ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат истеҳсол гардида лоиҳаи бунёди он 126 млн доллари ШМА-ро дар бар мегирад.Ҳамчунин дар корхонаи мазкур ба таври иловагӣ таввасути дастгоҳҳои эҳтиётӣ истеҳсоли криолит дар ҳаҷми 18 ҳазор тонна ва фториди алюминий дар ҳаҷми 27 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.

Баъди шиносоии бевосита бо кори истеҳсолот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нияти фаъолияти густурда ва самарабахши корхона дар оянда парда аз рӯйи лавҳа бо навиштаҷоти рӯз, моҳ ва соли мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин иншооти саноатӣ бардошта дар ҳузури мардуми сершумор ва аҳли заҳмати корхона суханронӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани Корхонаи азими истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфатро аз ҷумлаи дастовардҳои бузургу беамсоли соҳаи саноати мамлакат дар давоми 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуда изҳори умеду боварӣ карданд, ки дар оянда марҳилаҳои дигари лоиҳаи бунёди силсила корхонаҳои дар доираи сохтмони Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат пешбинишуда идома дода мешаванд.

Дар маҷмуъ татбиқи лоиҳаи бунёди Корхонаи азими истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар оянда рушди истеҳсоли алюминиро дар Тоҷикистон ҳамчун маҳсулоти афзалиятноки содиротӣ таъмин намуда барои паст кардани арзиши аслии он ва ноил шудан ба натиҷаҳои назарраси тиҷоратию иқтисодӣ шароиту имконияти мувофиқ фароҳам меоварад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: