Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Боздид аз корхонаи навбунёд

Боздид аз корхонаи навбунёд

26-10-2016, 14:29
Хабарро хонданд: 975 нафар
Назарҳо: 0
Боздид аз корхонаи навбунёд


Корхонае, ки аз сӯи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни Истиқлол ифтитоҳ шудааст.
Охири ҳафтаи гузашта гурӯҳе аз хабарнигорон зимни сафар ба ноҳияи Ёвон, ки бо даъвати ширкати ТАЛКО сурат гирифт, аз Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат боздид намуданд.
Дар оғози ин боздид Игор Сатторов, раиси департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Ширкати ТАЛКО, ки барои бунёди ин корхонаи муҳим сармоягузорӣ кардааст, дар нишасте коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, паст кардани шиддати воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба Тоҷикистон ва афзун намудани нишондиҳандаҳои таъсиси ҷойҳои нави кориро аз ҳадафҳои ин иқдом зикр кард.
Вай таъкид намуд, ки криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат маҳсулоти асосӣ дар саноати истеҳсоли алюминий буда, то имрӯз аз кишварҳои назди Балтика, Белорус, Русия ва Чин барои Ширкати алюминийи тоҷик ворид карда мешуд. Баробари ба кор шурӯъ кардани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат Ширкати алюминийи тоҷик аз вобастагӣ ба воридоти ин намуди маҳсулот пурра раҳо ёфта, акнун ба шароиту имконияти содироти ин маводҳо ноил мешавад. Аллакай як қатор давлатҳои истеҳсолкунандаи алюминий, аз ҷумла корхонаҳои алюминийи Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Қатар, Баҳрайн, Русия ва барои харидории криолит ва фториди алюминийи Тоҷикистон пешниҳоди ҳамкорӣ намудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, то ба ҳол истеҳсоли мавод дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар шароити душвори молиявию иқтисодӣ ҷарён дошт, ки дурӣ аз манбаъҳои ашёи хом яке аз монеаҳо буд.
Мақсад аз бунёди корхонаи «Криолит» ҳам кам кардани вобастагӣ ба ширкатҳои хориҷӣ ва ба кор бурдани ашёи хоми маҳаллӣ аст.
Барои пешбурди истеҳсолот дар Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат ба ҳайси ашёи хом флюорит истифода мешавад, ки коркарди он дар «Комбинати маъдантозакунии Такоб» ба роҳ монда шудааст.
Бино ба гуфтаи И.Сатторов, Тоҷикистон аз ҷумлаи 20 кишвари ҷаҳон аст, ки захираҳои флюорит дорад. Бо дастгириии бевосита ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, имрӯз яке аз мавзеъҳои дорои захираи флюорит дар «Такоб» эҳё гардида, вобаста ба ин кори Комбинати маъдантозакунӣ ҳам фаъол гардонида шудааст.
Мувофиқи маълумоти заминшиносон, захираи умумии флюорит дар мавзеи Такоб ба 623 ҳазор тонна баробар буда, ҳамасола беш аз 50-60 ҳазор тонна флюорит таввасути ғанигардонии маъдан истихроҷ мешавад. Комбинати Такоб ягона манбаи таъминкунандаи Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат бо ашёи хоми зарурӣ нахоҳад буд, зеро дар оянда Ширкати «ТАЛКО» ҳамчунин нақша дорад, истихроҷ ва коркарди флюоритро дар мавзеи Мағови дараи Ромит низ ба роҳ монад.
Пас аз нишаст кормандони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти корхона шинос шуданд. Насриддин Сироҷов, сармуҳандиси корхона дар рафти бозидид шарҳ дод, ки истеҳсоли маҳсулот дар Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат бо истеҳсоли кислотаи сулфат дар коргоҳи алоҳида оғоз мегардад. Ашёи хом барои истеҳсоли кислотаи сулфат аз хориҷи кишвар таввасути роҳи оҳани ба тозагӣ бунёдёфта ба корхона дастрас ва дар марҳилаҳои гуногуни технологӣ дар худи коргоҳ кислотаи сулфат истеҳсол мешавад. Сипас, дар коргоҳи истеҳсоли кислотаи гидрогенфторид бо роҳҳои кимиёвӣ ин намуди маҳсулот ҳосил ва барои истеҳсоли алюминийи фтордор ва криолит ба коргоҳҳои истеҳсоли ин намуди маҳсулот интиқол дода мешавад.
Дар коргоҳи истеҳсоли алюминийи фтордор ҳамасола истеҳсоли 18 ҳазор тонна алюминийии фтордор пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи вай, талаботи солонаи Ширкати алюминийии тоҷик ба ин намуди маҳсулот нисбатан камтар буда, корхона имкон дорад, ки ҳамсола алюминийи фтордори барзиёд истеҳсолшударо ба хориҷи кишвар низ содирот намояд.
Ин муттахассиси корхона таъкид кард, ки криолит аз ашёи хоми асосӣ дар истеҳсоли алюминий ба ҳисоб рафта, фториди табиӣ мебошад ва он бо назардошти минерали нодир ва камёфт буданаш асосан дар шакли сунъӣ омода шуда, дар истеҳсоли он флюорит васеъ истифода бурда мешавад. Барои ин тарҳи се коргоҳи бузурги як корхонаи азими саноатӣ, ки дар онҳо истеҳсоли нодиртарин маҳсулоти зарурӣ барои саноати алюминий роҳандозӣ ва баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан ҷойи кории доимӣ барои зиёда аз 800 нафар фароҳам шудааст.
Бино ба таъкиди ӯ, дар марҳалаи кунунӣ, ҳамзамон бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ, ки дар хориҷи мамлакат курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро гузашта, нозукиҳои кори идоракунӣ ва истеҳсолотиро аз худ кардаанд, тарбияи ҷавонон ҳам аз вазифаҳои асосие аст, ки Сарвари давлат зимни боздиди худ аз ин корхона дар назди раҳбарият гузоштаанд.
Инчунин таъкид шуд, корхонаҳои истеҳсолии дар ин мавзеъ ҳамакнун бунёдшуда иқтидори солонаи истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна алюминийи фтордор ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфатро доранд. Аз он 25 фоиз барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи Тоҷик истифода гардида, боқимонда 75 фоиз ба хориҷ содирот хоҳад шуд.
Раҳбарияти корхона ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои коркарди ашёи хоми ватанӣ, дар баробари истеҳсоли алюминийро ба рушди соҳаҳои дигари саноати маҳаллӣ ҳам иқдоми ҷиддӣ медонад.
Ин боздид, ки ҳамагӣ чанд соат идома кард, дар ҳақиқат хотирмон буд, зеро нишондиҳандаи тавонмандӣ ва истифодаи оқилона аз сарватҳои табиию зеҳнии худӣ аст.
Солеҳ Юсуфов


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: