Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Дар шаҳри Турсунзода намоиши «Корвони ҳунар» баргузор гардид

Дар шаҳри Турсунзода намоиши «Корвони ҳунар» баргузор гардид

21-02-2018, 08:05
Хабарро хонданд: 279 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Турсунзода намоиши «Корвони ҳунар» баргузор гардид


ТУРСУНЗОДА, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Корвони ҳунар»- чунин ном дошт намоиши ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни шаҳри Турсунзода, ки дар маркази шаҳр бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардид. Дар намоиш, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда буд, маҳсули дастони мӯъҷизаофари ҳунармандони гулдаст, аз қабили гулдӯзиҳои рангоранг, болишту кӯрпачаҳои ҳунармандона дӯхташуда, гилему сабаду гаҳвораву дигар асбоби аз чӯб сохташуда ва маҳсулоти кулолгарону оҳангарону наҷҷорон манзури тамошобинон гардонида шуданд.

Ҳунари кадбонуҳои моҳир, ки аз маҳсулоти ордӣ анвои гуногуни хӯрокҳои хушлаззати тоҷикӣ, нонҳои хурду бузург, таомҳои гуногуни миллӣ омода карда буданд, ба намоишгоҳ зебу зинат бахшиданд.

Воқеан намоиши ҳунарҳои мардумӣ як манзараи басо ҷолиб ва хеле диққатҷалбкунанда ва хотирмону омӯзанда аст. Зеро анъанаҳои неки ниёгонро эҳё ва идома додан қарзи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамоиши «Корвони ҳунар» бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода ва ҷамоатҳои деҳот баргузор гардид. Дар он ҳунармандони маъруф бо шогирдонашон, намояндагони ҷамоату муассиса ва ташкилотҳо фаъолона ширкат доштанд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва ҳайати ҳамроҳонаш баъди боздид аз намоиши «Корвони ҳунар» ба нақши дастони пурэъҷози ҳунармандон баҳои баланд дода, ҳамаро барои истиқболи арзандаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъват намуд.

Ҳунарнамоии ансамбли фолклорӣ — этнографии Қаратоғ анҷомбахши чорабинии «Корвони ҳунар» буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: