Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Вакилони Парлумони Тоҷикистон шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекориро баррасӣ карданд

Вакилони Парлумони Тоҷикистон шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекориро баррасӣ карданд

20-02-2018, 07:50
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
Вакилони Парлумони Тоҷикистон шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекориро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр намуд, ки мақсади пешниҳоди тағйиру иловаҳо мутобиқ намудани шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ ба принсипҳои суғуртавӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пешбинӣ менамояд ва тақвияти низоми назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад.

Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро баррасӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: