Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Парлумони Тоҷикистон Созишнома оид ба таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» -ро баррасӣ намуд

Парлумони Тоҷикистон Созишнома оид ба таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» -ро баррасӣ намуд

24-04-2018, 07:56
Хабарро хонданд: 160 нафар
Назарҳо: 0
Парлумони Тоҷикистон Созишнома оид ба таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» -ро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» — имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки дар ҳузури Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир шуд, баррасӣ гардид.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода зимни тавзеҳи ин санад гуфт, ки ҳадафи имзои созишномаи мазкур муайян намудани самтҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таъмини фаъолияти (истифодабарии) мунтазами сарбанди Фарҳод мебошад.

Созишнома масъалаҳои даровардан ва баровардани нақлиёт, таҷҳизот ва масолеҳи тарафи ӯзбекистонӣ, ки барои таъмини фаъолияти мунтазами иншоот заруранд, нигоҳдории сатҳи зарурии об дар иншоот барои устувории обгирӣ тибқи меъёри обгирии дар доираи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ муқарраргардида, риояи реҷаи бехатарии истифодабарӣ ва хароҷоти вобаста ба таъмини фаъолияти иншоотро ба танзим медарорад.

Аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукиро низ баррасӣ намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: