Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Соати сиёсӣ оид ба 25-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ

Соати сиёсӣ оид ба 25-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ

19-02-2018, 14:29
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Соати сиёсӣ оид ба 25-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ
Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Колеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни ҲХДТ, ки дар ташкилоти ибтидоии «Сино» кору фаъолият мебаранд рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид ва дар он ахборотчии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ширкат карда дар мавзӯи Ҳифзи марзу буми Ватан рисолати шаҳрвандии мост баромад намуд.
Зимни баромад намояндаи ҳизб баён дошт, ки «Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се марҳала ҷудо кардан мумкин аст. Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қуввахои мусаллаҳе буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Дар давраи мазкур таҳкурсии қонунию ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда Қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ» ва дигар қонуну санадҳои муҳимми ташкилӣ қабул карда шудаанд.
Дар давраи дуюм вазифаи асосӣ такмили сохторҳои ташкилию штатии навъҳои асосии артиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра навъҳои асосӣ – Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ таъсис ёфтаанд.
Марҳилаи сеюми сохтории Артиши миллӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ мухолифини муттаҳидаи тоҷик оғоз гардид. Баъд аз гуфтушунидҳои бисёр ниҳоят 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини муттаҳидаи тоҷик созишнома имзо шуд, ки он ба ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон хотима гузошт.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хизматчиёни ҳарбию ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ дар тӯли 25 соли фаъолият дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба Савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу суббот ва сохтори конститусионӣ омодагиро барои ҳифзи Ватан ва ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кардан тайёр буданашонро исбот кардаанд. Мо ҳаргиз қаҳрамонию ҷоннисории онҳоро нахоҳем фаромуш кард.
Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукамал гардидааст…»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: