Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқот бо сафири тозатаъйини Чин

Мулоқот бо сафири тозатаъйини Чин

16-12-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 629 нафар
Назарҳо: 0
Дирӯз, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин ҷаноби Юе Бинро, ки ба тозагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сафир таъйин шудааст, ба ҳузур пазируфт. Зимни дидору мулоқот дар мавриди авзои сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон, фаъолиятҳои густурдаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, фраксияҳои ҳизбӣ дар парлумони Тоҷикистон ва мавқеи аҳзоби дигари сиёсӣ дар ҷомеаи тоҷик, раванди номатлуби амалҳои террористӣ дар як қатор кишварҳо, муносибатҳои самарабахши миёни ҲХДТ ва ҲКЧ, ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Чин ва ғайра гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Муовини якуми ҲХДТ С. Фаттоҳзода дар бораи ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай изҳори назар намуда, таъкид ба он кард, ки мо метавонем муносибатҳоямонро муштаракан дар чаҳорчӯбаи эҳёи «Роҳи Абрешим» таҳким бахшем ва онро ба манфиати халқҳоямон истифода барем. Дар ин росто Сарварони ҳарду мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷаноби Си Ҷинпин ташаббусҳои шоистаеро доман зада истодаанд.

Дипломати чиноӣ ҷаноби Ю. Бин таъкид бар он намуд, ки мо дар симои Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дӯсту ҳамсояи қарин ва шарики иқтисодию стратегии худро мебинем. Кишвари Чин ба дӯстии боэътимоди халқҳоямон арҷ мегузорад ва минбаъд низ ҷиҳати тақвияти он иқдомҳои муассирро амалӣ мегардонад.

Суҳбат дар руҳияи самимият доир гашт.
©Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: