Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Воридшавии мардон ба мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон

Воридшавии мардон ба мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон

11-12-2015, 05:00
Хабарро хонданд: 423 нафар
Назарҳо: 0
Воридшавии мардон ба мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон
Дар Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр бо чорабиниҳои гуногун қайд мегардад, ҳамоиши Оғози маъракаи тарғиботии “Воридшавии мардон ба мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон” баргузор гардид. Дар чорабини Маркус Мюллер, Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Хайринисо Юсуфӣ, Муовини Раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон (Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ), Скотт Керин, Сардори Раёсати ченаки инсонии САҲА дар Тоҷикистон, Весна Иванович-Кастаред, Сардори Шуъбаи демократикунонӣ, Раёсати ченаки инсонӣ, САҲА, Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода, Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдураҳмон Хонов, Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Аҳмадрафиқ Ҳомидов, Мудири шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ ва робита бо созмонҳои ҷамъиятии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Бахтиёр Ҳамдамов, сармуҳаррири ҳафтавори «Минтари халқ» иштирок намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳамоиши имсола ба ҳимояи ҳуқуқи занон, бо иштирок ва дастгирӣ аз ҷониби мардон бахшида шуда аст.

Маркус Мюллер, Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон чорабинии мазкурро оғоз карда, аз зарурати Оғози маъракаи тарғиботии “Воридшавии мардон ба мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон” дар шароити кунунӣ андешаҳои хешро баён намуд.

Хайринисо Юсуфӣ, Муовини Раиси палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон (Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ) бошад, нисбати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.

Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода, Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни суханрони қайд намуданд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки Барномаи ҲХДТ ин ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад. Ҳамчунин мавсуф нисбати нақшаҳои амалигардида ва банақшагирифташудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ин самт баён намуд.

Дар қисмати музокира иштирокчиён нисбат ба беҳбудибахшии ҳимояи инсон дар ҷумҳурӣ ва минтақа фикру андешаҳои худро иброз намуданд. Дар фарҷом бошад, Хонум Хайринисо Юсуфӣ дар якҷоягӣ бо Маркус Мюллер ба иштирокчиён дастбандҳои сафеди ҷонибдорӣ Оғози маъракаи тарғиботии “Воридшавии мардон ба мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон” эҳдо намуданд.
©hamsafon.tj
Воридшавии мардон ба мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: