Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чаро Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ ширкат намекунад?

Чаро Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ ширкат намекунад?

31-01-2018, 08:00
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
Чаро Тоҷикистон дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ ширкат намекунад?

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. 9 феврали соли равон дар шаҳри Пёнчанги Ҷумҳурии Корея маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ баргузор гардида, он то 25 феврал идома меёбад. Дар бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз рӯи 15 намуди варзиш наздик ба 2900 варзишгар аз 90 давлати дунё иштирок мекунанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 иштирок намекунад.

Ба иттилои манбаъ, бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ дастаи лижаронии Тоҷикистон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ дар ҳайати 6 нафар таъсис дода шуда, ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани имтиёзҳо сафарбар гардид. 4 нафари онҳо аввали сол дар Бозиҳои зимистонаи Осиё, ки дар шаҳри Саппорои Япония баргузор шуд, иштирок карда, натиҷаи хуб нишон доданд.

Тибқи нақша даста бояд дар 50 мусобиқа иштирок мекард, вале бо сабаби номусоидии ҳаво 20 мусобиқа дар ҷумҳуриҳои Покистон, Ҳиндустон ва Эрон доир нагардиданд, ки боиси холи зарурӣ ба даст наовардани варзишгарони тоҷик шуд. Аз ин рӯ дастаи Тоҷикистон наметавонад дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 иштирок кунад.
Гуфта мешавад, ки ҳоло ду варзишгари тоҷик бо имконияти маҳдуд дар Ҷумҳурии Германия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тамрин мекунанд. Дар назар аст, ки онҳо рӯзҳои наздик барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ сафарбар гарданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: