Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чин: воситаи ба даст овардани бартарияти ҳарбӣ ба Амрико пайдо гардид? (Пекин артиши «боақл» месозад)

Чин: воситаи ба даст овардани бартарияти ҳарбӣ ба Амрико пайдо гардид? (Пекин артиши «боақл» месозад)

30-01-2018, 16:56
Хабарро хонданд: 284 нафар
Назарҳо: 0
Чин: воситаи ба даст овардани бартарияти ҳарбӣ ба Амрико пайдо гардид? (Пекин артиши «боақл» месозад)
Бино ба иттилои рӯзномаи South China Morning Post, Чин ният дорад артиши муосире бунёд кунад, ки «қодир аст ба ҳар гуна рақиб муқобилият нишон диҳад».
Дар маводи мазкур омадааст, ки артиши халқӣ-озодибахши Чин 120 мутахассисро барои фаъолият дар Академияи илмҳои ҳарбӣ-муҳимтарин институти пажӯҳишии кишвар интихоб намудааст. Зиёда аз 95% пажӯҳишгарон дараҷаи илмӣ доранд ва онҳо дар самти технологияҳои муосиртарин-квантӣ ва «зеҳнияти сунъӣ» кор мебаранд, хабар медиҳад РИА «Новости».
Ҳамин тариқ, ҳукуматдорон мехоҳанд рушди технологияҳои квантӣ ва зеҳнияти сунъиро барои корбурд дар соҳаи ҳарбӣ таъмин кунанд. Ин иқдом тибқи нақшаи табдил додани Чин ба абарқудрати ҳарбӣ-техникӣ ва аз рӯйи ин нишондод баробар гаштан ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пеш гирифта шудааст.
Моҳи июли соли гузашта сарвари кишвар Си Ҷинпин иброз дошта буд, ки «ба мамлакат лозим аст ҳарчи зудтар артиши пурқувват бунёд кунад». Дар гузашти ҳарбии соли 2015 Си Ҷинпин оид ба кам кардани ҳайати артиш ба 300 ҳазор нафар эълон дошт. Гуфта шуд, ки ин амал барои боз ҳам «самараноктар» ва зудамал кардани қувваҳои ҳарбӣ роҳандозӣ карда хоҳад шуд. Нигоҳ накарда ба ин, Артиши халқӣ-озодибахши Чин бузургтарин артиши олам аз рӯйи шумора ба ҳисоб меравад: дар ҳайати он 2,3 миллион ҳарбӣ, ё 0,18% сокинони кишвар қарор доранд.
Ин ниятҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин кишварҳои ҳамсояро ба ташвиш овардааст. Чин ба бисёри онҳо даъвои марзӣ дорад. Ба ақидаи онҳо, акнун, ки Чин аз рӯйи иқтисодиёт пурқувват шудааст, оянда мехоҳад сиёсати ғосибонаро пеш гирад. Аммо коршиносони соҳаи ҳарбӣ мегӯянд, ки аз лиҳози ҳарбӣ барои Чин баробар шудан ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ояндаи наздик вазифаи миёншикан аст. ИМА дорои бузургтарин иқтисодиёт ва пурқувваттарину муосиртарин артиши дунё аст. «Аз лиҳози технологияҳои ҳарбӣ Амрико ба чунин қуллаҳое расидааст, ки Чин ҳоло танҳо орзу хоҳад кард. Имрӯз чиро мо мебинем? Кӯшишҳои хандаовари хитоиҳо дар нусхабардорӣ намудани намунаҳои техникаи ҳарбии Ғарб. Ба онҳо танҳо як чиз ёрӣ хоҳад расонд-нусхабардории босифаттар ва ҷосусии иқтисодӣ-ҳарбӣ. Яъне, дуздидани технологияҳои ҳарбии ғарбӣ. Доштани артиши бузургтарин аз рӯйи шумора маънои абарқудрат шуданро надорад. Асос сифат аст, на шумора. Барои ҳамин, ҳоли ҳозир бо ИМА сабқат кардану дар набард баромадан барои Чин «вохӯрӣ бо марг» хоҳад буд. Инро ҷиддӣ набояд гирифт. Ба ҳар ҳол, дар ояндаи наздик»,-иброз медоранд онҳо.
Новобаста аз ин, таҳлилгарон дар як фикр ба ҳам мувофиқанд-сарфи назар аз проблемаҳои дохилӣ, Чин ба яке аз қудратҳои ҷаҳонӣ табдил шудааст.
Азамат Дӯстов

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: