Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мактаби мардонагӣ

Мактаби мардонагӣ

23-02-2017, 10:15
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Мактаби мардонагӣРӯзи гузашта дар толори калони раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ-ҳомии сулҳу ваҳдат ва пойдории кишвар» бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудӣ нишастро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилоти солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба мо муяссар шуд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгириву пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон сохти конститутсионӣ ва фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи ҳокимияти давлатиро барқарор карда, амалан дар ҷои холӣ Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомиву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таъсис диҳем. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд: «Артиши миллии худро дар шароите таъсис додем, ки соддатарин воситаҳои ҷангӣ ва оддитарин шароити зиндагӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ вуҷуд надоштаанд. Ба ибораи дигар, мо артишро дар ҷойи воқеан холӣ таъсис додем ва имрӯз, чуноне ки мебинед, таъминотии ҷузъу томҳо ва шароити зиндагиву хизмати низомиёнро тадриҷан ба талаботи замона мутобиқ гардонида истодаем».
Сипас, Маҳбуби Нурзод, сардори зершӯъбаи корҳои сиёсӣ тарбиявии қисми ҳарбии 35-01 КДВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши артиши миллӣ дар тарбияи ҷавонони кишвар», Мӯҳсин Юсупов, корманди шӯъбаи назоратӣ ташкилии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд доир ба «Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва саҳми он дар иқтидори мудофиавии Артиши миллӣ» ва Ҷ.Ҷамолов, мудири кафедраи омодагии дифои ҳарбии факултети тарбияи ҷисмонии донишгоҳ оид ба «Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рукни истиқлолияти давлатӣ» маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.
Баъдан филми мустанад аз таърихи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: