Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бонки Авруосёгии Рушд Андрей Белянин

Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бонки Авруосёгии Рушд Андрей Белянин

29-01-2018, 05:07
Хабарро хонданд: 142 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бонки Авруосёгии Рушд Андрей Белянин

ДУШАНБЕ, 29.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо роҳбари Бонки Авруосёгии Рушд Андрей Белянинов мулоқот кард. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, саноат, роҳу нақлиёт, сармоягузориву хизматрасонии бонкӣ ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.

Дар маҷмуъ ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Авруосёгии Рушд дар бахшҳои афзалиятнок хуб арзёбӣ гардид ва барои тақвияти бештари ин ҳамкориҳо изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо минбаъд андешидани тадбирҳои зарурӣ ва истифодаи самарабахши имконияту иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои судманд, пайдо намудани роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳоро муҳим шумориданд.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияту захираҳо барои роҳандозии ҳамкорӣ ва татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи паррандапарварӣ, сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра фароҳам буда, афзалиятдиҳӣ ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мазкур барои ҳарду ҷониб манфиатбахш хоҳад буд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: