Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Навоз Шариф

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Навоз Шариф

5-07-2017, 09:07
Хабарро хонданд: 183 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Навоз Шариф

ДУШАНБЕ, 05.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрўз мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.

Дар мулоқот масоили рушду густариши муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои ояндадор, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, нақлиёту коммуникатсия, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар оянда бо талошҳои роҳбарияти олии ду давлат рушду тавсеа ёфта, ба манфиати ду халқияти як минтақаи бузург хизмат хоҳанд кард.

Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо назардошти ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: