Тоҷикистон дар пешбурди тиҷорат муваффақ шудааст23-01-2018, 11:40
Хабарро хонданд: 191 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи рейтинги маҷаллаи амрикоии Forbes оид ба кишварҳои беҳтарин барои пешбурди тиҷорат миёни 153 кишвари дунё Тоҷикистон зинаи 108-умро касб кардааст. Рейтинги мазкур 21 декабр интишор шудааст.
Дар боби бахшида ба Тоҷикистон қайд шудааст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ соли гузашта 6,9% афзуда, бо дарназардошти 8,5 миллион аҳолӣ ММД ба ҳар сокини кишвар 800 доллари амрикоиро ташкил додааст. Кишварҳои беҳтарин барои пешбурди тиҷорат Британияи Кабир, Зеландияи Нав ва Нидерланд дониста шуданд. Дар поёни рейтинг Гаити, Гамбия ва Чад қарор гирифтанд. Дар рейтинги Forbes 153 мамлакат аз рўйи 15 нишондод баҳогузорӣ карда мешаванд: ҳуқуқ ба моликият, сатҳи роҳандозии навовариҳо, сатҳи андозбандӣ, технология, сатҳи фасод, озодӣ (шахсӣ, тиҷоратӣ ва молиявӣ), бюрократизм (расмиятчигӣ) ва ҳифзи сармоягузорон. Қайд кардан лозим аст, ки дар рейтинги Бонки умумиҷаҳонӣ Doing Business 2018, ки моҳи ноябр нашр шуд, Тоҷикистон миёни 190 кишвари дунё мақоми 128-умро ишғол карда буд. Дар ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ зикр шуда буд, ки дар соли охир дар Тоҷикистон ду ислоҳот гузаронида шуд-расмиёти ташкили корхонаҳо содда карда шуд ва бо зиёд намудани маблағи даромади минималӣ барои қайдкунӣ тибқи андоз аз арзиши иловашуда, як расмиёт барои осон намудани бақайдгирии моликият аз байн бурда шуд. Ислоҳоти зикршуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки дар рейтинги Бонки умумиҷаҳонӣ 5 зина боло равад. Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.