Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ХАБАРҲО

10-01-2018, 10:40
Хабарро хонданд: 512 нафар
Назарҳо: 0


     ХАБАРҲО
Бо мақсади шарҳу эзоҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 январи соли 2017 дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович бо донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
     ХАБАРҲО
Инчунин дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заррина, муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Саидмуминзода Аббос ва мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""


Тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз санаи 8 то 17 январи соли 2018 вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу эзоҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Во баста ба ин тибқи нақшаи таҳия гардида, санаи 8 январи соли 2018 дар толори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович бо сокинони шаҳракҳои 101,102 ва маҳаллаи Испечак-1 баргузор гардид. Инчунин зимни вохӯри раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заррина, муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маҳмуродзода Муҳаррам, вакилони Маҷлисҳои вакилони шаҳрию ноҳиявӣ ва мудирони шуъбаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""
     ХАБАРҲО
Ҳамасола моҳи январ донишандӯзони макотиби олӣ Соли нави милодиро бо супоридани имтиҳонҳои тестии ҷорӣ оғоз менамоянд. Яъне донишҳои андӯхтаи хешро ба мизони тарозуи ақл баркашида, то кадом андоза он илмҳоро ҳазм намуданд, хулосабарорӣ мекунанд.
Сӯҳбате, ки бо мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бобоева З.С. дар Маркази тестии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров доир гардид, гуфтаҳои Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тақвият мебахшад: «Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад, баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарин фаъолияти мо хоҳад буд».
Ба андешаи сардори Маркази мазкур Ҷамшедхон Раҳимов: «Бо ташаббус ва иқдомҳои хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли савум аст, ки Маркази тестӣ амал мекунад. Донишҷӯён ва ҳайати профессорону дотсентон аз ин иқдом хеле миннатпазиранд. Ифтитоҳи ин муассисаро яке аз хусусиятҳои умдаи ҷаҳонишавӣ маҳсуб дониста, бар он ақидаанд, ки ба ғамхориҳои ҳамарӯзаи Президенти кишварро ҷонибдор ҳастанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки имтиҳонҳоро танҳо бо баҳои «хуб» - у «аъло», ҷамъбаст хоҳанд кард!»

"""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""
     ХАБАРҲО

Тибқи ҷадвали баргузории вохуриву мулоқотхо, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шахри Норак тасдиқ шуадаст дар ташкилоти ибтидоии «Барқчиён» вохурӣ доир гардид. Дар вохурӣ оиди самтхои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шахри Норак аз тарафи мудири шуъбахои кор бо занону ҷавонон, таблиғоти тилло ва матбуот Муслима Ғуриева ва Фирдавс Ғафурзода баромадхо карда шуд.
Муслима Ғуриева оиди Паёми имсолаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатхи огохии мардум аз хатари терроризму экстримизм вароххои пешгири азон баромад намуда сипас Ғафурзода Фирдавс оиди аз байн бурдани таассуби динни ва хурофотпарастӣ ӣ, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарханги бегона, пешгири аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакахои иҷтимои баромад намуд.


""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""
     ХАБАРҲО

Дар асоси нақша - чорабинии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон дар кумитаи маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷамьбасти "Соли ҷавонон" ва тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳр мулоқоти раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Исматҷон Ҷумаев бо хонандагони муассисаи мазкур ва ҷавонони ҳудуди маҳалла баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ташкилоти ибтидоӣ перомуни мавзӯҳои мухталиф аз ҷумла ҷамъбасти соли ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва мӯҳтавои Паём ақидаронӣ намуд.
Дар ҷамъбаст иштирокдорон фикрҳои ҷолибро баён намуданд. Аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ ба ду нафар иштирокчии фаъоли чорабинӣ ҳамчун армуғони солинавӣ китоб тақдим карда шуд.

""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""""
     ХАБАРҲО
“Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ва дар ҳар вохӯриашон бо мардуми кишвар таъкид мекунанд, ки ба таълиму тарибяи фарзандон эътибори махсус дода шавад, зеро ояндаи давлат аз саводнокию маърифати зеҳнии насли наврас вобаста мебошад.
Барои мутахассиси комилу варзида шудан пеш аз ҳама дониш андӯхтан ва бо илмоҳои замонавӣ мусаллаҳ будану онро дар амал татбиқ намудан бояд шиори ҳамарӯзаи ҷавондухтарон бошад”, - мегӯяд мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева зимни вохӯри бо ҷавондухтарони некиқболу саодатманд, ки рӯзи дарҳои кушод ба КИШ ҲХДТ ташриф оварданд.
Ҷавондухтарон иброз намуданд, ки нуктаҳои Паён воқеан барномаи ҳамарӯзаи фаъолияташон буда, мусоидат ба рушди соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, маҳаки асосии кору пайкорашон хоҳад гардид.



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: