Расми хуби тоҷиконро гум макун5-11-2015, 10:28
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз суннатҳои миллӣ ин аёдати куҳансолону барҷомандагон, дастгирии камбизоатону ятимон маҳсуб ёфта, ин тадбир ҳамасола дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ роҳандозӣ карда мешавад. Чунончӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии ноҳия дар рӯзҳои фараҳбахш – арафаи Рӯзи қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чор оилаи камбизоат дидан намуда, ба онҳо маводи хӯрока ва тӯхфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Инчунин дар мактаб-интернати ноҳиявӣ бо ҷомеаи устодону шогирдон мулоқот доир шуда, дар рафти он аз ҳисоби кумиҷроияи ноҳиявӣ барои эҳтиёҷоти дабистон ёрии амалӣ расонида шуд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Суғд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.