Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ОБУ ҲАВО

3-01-2018, 16:29
Хабарро хонданд: 206 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО
ДУШАНБЕ, 03.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 3 январ дар бештари минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ сардшавии ҳаво дар назар дошта шудааст.

Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз, 3 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 4-9, дар баъзе ҷойҳо то 12-17 ва рӯзона 4-1 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво рӯзона 20-25 ва шабона 10-15 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда гашта, шамол аз самти шарқ 1-4 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои офтобӣ пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 1-6 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2 дараҷа хунук ва рӯзона 16-18 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: