Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Таҷлили Соли нави мелодии 2018 дар ноҳияи Панҷ

Таҷлили Соли нави мелодии 2018 дар ноҳияи Панҷ

3-01-2018, 16:28
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Соли нави мелодии 2018 дар ноҳияи Панҷ
Панҷ. Соли 2017, ки сипари гашт барои мардуми шарафманди ноҳияи Панҷ соли хотирмон буд. Боиси ифтихор аст, ки дар ин сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти тайиноти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд.
Ҳамчунин, дар соли сипаришуда баргузории маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла ҷашнҳои таърихии «20-солагии Ваҳдати миллӣ», 10-солагии қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25- солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар болоравии маърифати сиёсиву масъулияти шаҳрвандии мардуми ноҳияро нишон доданд.
Ба хотири хотирмон ҷамъбаст намудани соли сипаришуда ва бо орзую ниятҳои неки ватанесозӣ истиқбол намудани соли нави мелдодӣ санаи 31 декабр дар маркази ноҳияи Панҷ таҷлили соли нави 2018 ботантана ҷашн гирифта шуд.
Сараввал чорабиниро раиси ноҳия, узви раёсати КИН Сайфуддинзода М.К. ҳусни ифттитоҳ бахшида, ҳамагонро бо фарорасии соли нави мелодии 2018 табрику муборакбод намуд.
Ҳамзамон, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгири табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи соли нави мелодӣ ба якчанд нафар шахсони яккаву танҳо ва кӯдакони ятиму бепарастори ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроия ва ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
Аз ҷумла, ба 14 нафар ятимони кулл ба маблағӣ 3200 сомонӣ тӯҳфаҳои солинавӣ супорида шуданд.
Дар ин чорабинии соли нави мелодӣ дастпараварони боғчаҳои бачагона, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҳунармандони бахши фарҳанг бо барномаҳои консертӣ баромад намуданд.
Дар итмом дар соли нави мелодии 2018 ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ саломативу сарбаландӣ, иқболи нек, хонаи обод, сулҳу суббот, дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ комёбиҳои назаррасро таманно карда шуд.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: