Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аз паём то паём

Аз паём то паём

6-12-2017, 09:06
Хабарро хонданд: 627 нафар
Назарҳо: 0
Аз паём то паём
Панҷ. Имрўз ҳар як сокини кишвари маҳбуб такя ба хиради баланди сиёсии Президенти кишвар, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ободии Ватани биҳиштосоямон саҳми арзандаи худро гузошта, ҷиҳати пойдории давлати демократӣ, дунявӣ, ягона ва ҳуқуқбунёд талош доранд. Рўйдоди муҳим ин ироаи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ буд, ки 20 январи соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва сокинони кишвар онро бо хушнудӣ пазируфтанд. Паёми навбатии Пешвои миллат моро водор сохт, ки беш аз пеш дар рушду шукуфонии Тоҷикистони азиз саҳм гирем.
Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии тамоми масоили иқтисодиву иҷтимоии кишвар аст. Ҳар нуқтаву дастуру пешниҳодоти Паём ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба сатҳи зиндагии мардуми кишвар равона карда шудааст. Он ҳама пешниҳодоту масъалагузориҳои Сарвари давлат танҳо ба хотири беҳбудии рўзгори мардум ва таҳкими амнияту бехатарии кишвар равона карда шудааст.
Қабул шудани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» ва тибқи пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Миллати Муттаҳид пазируфтани Қатънома оид ба эълон шудани даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2020» обрўи Тоҷикистони азизи моро дар арсаи ҷаҳонӣ боло бурда, сокинони мамлакатро ба корҳои бузугтар раҳнамун сохт.
Дар муҳлати муайян аз паём то паём, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар дар саросари Ватани маҳбубамон ва аз ҷумла ноҳияи Панҷ як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонию созандагӣ дар ҳама бахшҳо ба ҷо оварда шуданд.
Дар ин давра аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат бо сарфи 3 млн. сомонӣ зиёда аз 5 киллометр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ дошта мумфрш карда шуд. Ҳамчунин, кўчаҳои марказии шаҳраки Панҷ низ пурра мумфарш гардиданд. Барои иҷрои ин кор 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ,бинои як қатор корхонаҳо ва 25 хонаи истиқоматӣ ба маблаѓи 250 ҳазор сомонӣ таъмир ва рангубор карда шуд. Толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ таъмир гардид.
Сохтмони бинои муҳташами муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохта, бо таҷҳизотҳои замонавӣ таҷҳизонида шуда, ба истифода дода шуд. Аз тарафи соҳибкорони ноҳия низ корҳои муайяни созандгию бунёдкорӣ ба сомон расонида шуданд. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави Нозироти андоз бо тарзи замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Ботантана баргузории як қатор маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ, аз ҷумла ҷашнҳои таърихии «20-солагии Ваҳдати миллӣ», 10-солагии қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25- солагии Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар болоравии маърифати сиёсиву масъулияти шаҳрвандии мардуми моро нишон доданд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ оиди иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ҳизбӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2017 бармеоянд, нақша- чорабиниҳоро таҳия намуд, ки он давоми соли 2017 амалӣ гардиданд. Ҳамчунин, аъзоёни гурўҳҳои таблиѓотии Кумитаи иҷроияи ноҳия оид ба баррасии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия як қатор вохўриву сўҳбатҳоро баргузор намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки 18 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи як катор иншооти таъйиноти гуногун, оѓози корҳои сохтмонӣ ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ва тантанаи сулҳу суботу ваҳдати пойдор тавассути ҷаҳду талошҳои шабонарўзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Панҷ симои ба кулли дигар кард. Маҳз бо дастгирӣ ва кўмаки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳия бо маблаѓи 15 млн.сомонӣ барои 6000 ҷойи нишаст азнавсозӣ ва таҷҳизонида шуд. Ин иншоот имрўз яке аз зеботарин иншоотҳои ноҳия маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин, Роҳбари давлат санги асоси сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 гузоштанд ва таъкид намуданд, ки иншооти мазкур тўҳфаи арзишмандест ба кулли кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Панҷ, ки ин маорифчиёну омўзгоронро вазифадор менамояд, ки ҷавобан ба ин ѓамхориҳои Пешвои миллат сатҳу сифати таълиму тарбияро вобаста ба талаботи замон баланд бардоранд.
Аз ин хотир, ба ҳамаи мо шаҳрвандони Ватан лозим аст, ки дар амалӣ шудани ин дастуру супоришҳои дар Паём дарҷ гардида, баҳри ободӣ ва зиндагии шоистаи мардум саҳмгузор бошем.


Атавуллоева З.
Мудири бахши занон ва ҷавонони
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: