Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пойтахт - маҳалли нигоҳдошти нусхаи аслии Конститутсия

Пойтахт - маҳалли нигоҳдошти нусхаи аслии Конститутсия

26-12-2017, 10:47
Хабарро хонданд: 254 нафар
Назарҳо: 0
Пойтахт - маҳалли нигоҳдошти нусхаи аслии                            Конститутсия

Рўзи 21 декабри соли 2017 иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси Миллии кишвар баргузор гашт. Иҷлосия 48 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод, ки аз он 33- тояш тасдиқи қонунҳо ва боқимонда қабул ва тасдиқи қарорҳои муҳим буданд.
Нахуст Озода Эмомалӣ Раҳмон –раиси Ку¬ми¬таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум¬ҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конс¬¬ти¬тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин¬сон, шаҳр¬¬ванд ва қонуният барои баррасӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод кард. Мавсуф зарурати қабули онро чунин шарҳ дод: “Ин Қонун мувофиқи нақшаи чорабиниҳои татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012 – 2015 қабул гардида, баҳри мутобиқсозӣ ба стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳо бармеоянд, нигаронида шудааст.
Ҳамчунин, бо ба вуҷуд омадани таҳаввулоти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва хориҷии кишвар, муносибатҳои ҷамъиятӣ низ мутаносибан ба тағйироти зиёд дучор шуда, зарурати ба талаботи имрўза мутобиқ намудани Қонуни қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки соли 1996 қабул гардидааст, ба миён омад”,- гуфт Озода Раҳмон. Қарздорони амният ҷазо мегиранд.
Масъали дуюми иҷлосия баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Тибқи тағйироти Қонуни мазкур ба моддаи 177 ва 178 Кодекси ҷиноятӣ барои такроран содир намудани ҷиноят ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳамчунин, ба моддаи 178 Кодекси ҷиноятӣ, эзоҳ илова карда шуда, мафҳуми «бадқасдона саркашӣ намудан», ки дар моддаҳои 177 ва 178 нишон дода шудааст, шарҳ дода мешавад.
Яъне таҳти мафҳуми бадқасдона саркашӣ намудани падару модар аз таъминоти фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат аз таъминоти падару модари ғайри қобили меҳнат, ҳамаи кирдорҳои қарздор фаҳмида мешавад, ки ба иҷро нагардидани ҳуҷҷати иҷро (напардохтан, рўйпуш намудани даромад, тағйири ҷойи истиқомат ё ин ки ҷойи кор бидуни огоҳонидани иҷрочии суд ва ғайра) равона гардида аст ва он боиси ба вуҷуд омадани қарздорӣ, новобаста аз давраи пардохт, дар ҳаҷме, ки он дар маҷмўъ маблағи муқарраргардидаи пардохтро барои се моҳ ташкил медиҳад, мегардад.
Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҷазо дорад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» масъалаи дигари иҷлосия буд. Таъкид гардид, ки қонуни мазкур бо мақсади пешгирӣ кардани татбиқи духураи меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор, ки боиси марги одамон гардидааст, пешниҳод шудааст.
Айни ҳол, барои такроран дар давоми як соли таъини ҷазои маъмурӣ вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор ҳам ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳам ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, ки дар таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ боиси ба миён омадани омилҳои коррупсионӣ ва татбиқи нодурусти меъёрҳои мазкур мегардад.
Бо ин мақсад, моддаи 192 Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав ифода карда шуда, фарқияти меъёрҳои кодексҳо мушаххас карда шуд.
Минбаъд барои вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сухтор ҷавобгарии ҷиноятӣ дар ҳолате фаро мерасад, ки агар кирдорҳо боиси расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии инсон гардида бошанд.
Ин талабот масъулияти шахсонеро, ки ба зиммаашон риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор вогузор шудааст, баланд мебардорад.
Ғайр аз ин, аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари миёна ё вазнин ба саломатӣ,боиси расонидани зарари вазнин ба саломатии ду ва зиёда шахсон, ё боиси маргӣ инсон ё дигар оқибатҳои вазнинва боиси марги ду ва зиёда шахсон гардидааст, ҷазо пурзўр карда мешавад.
Рутбаи ҳарбиро эҳтиром гузоред
Сипас, Озода Эмомалӣ Раҳмон –раиси Ку¬ми¬таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум¬ҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конс¬¬ти¬тутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои ин¬сон, шаҳр¬¬ванд ва қонуният ду қонуни дигар «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои баррасӣ пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо якдилона ҷонибдорӣ ёфтанд. Баъдан мавсуф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро барои баррасӣ пешниҳод кард. Қонун ҷиҳати барқа¬рор намудани ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбие, ки бо сабаби тағйироти ташкилию штатӣ аз хизмат озод шудаанд, инчунин роҳ наддан ба барқароршавии онҳое, ки бо кирдри худ ба шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ иснод овардаанд, қабул шудааст.
Бо ин мақсад ба қисми 4 моддаи 29 Қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шуда, тибқи он минбаъд хизматчиёни ҳарбие, ки бо асоси паст задани шаъни баланди рутбаи ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ озод шудаанд, дар замони осоишта такроран наметавонанд ба хизмати ҳарбӣ дохил шаванд.
Ҳамчунин, мувофиқи ин тағйирот, нисбат ба хизматчиёни ҳарбие, ки бо сабаби чорабиниҳои ташкилию штатӣ рухсат шудаанд, маҳдудияти зикршуда татбиқ намегарданд.

Иди Садаву Меҳргон таҷлил мешавад
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» низ тағйирот ворид гардид. Минбаъд таҷлили иди Сада – 30 январ, иди Меҳргон ва рўзи кормандони соҳаи кишоварзӣ – 15 октябр ва рўзи кормандони мақомоти судӣ бошад – 26 октябр муқаррар карда мешавад.
Тавре ки раиси Кумитаи мазкур Озода Раҳмон иттилоъ дод, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»- ба қисми якуми моддаи 10 Қонуни амалкунанда банди нав илова карда шуд, мутобиқи он минбаъд мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мегардад, ки дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсолоти иҷро қарздор, молу мулки ў ё кўдакро кофтуков намояд.

Истеҳсол ва истифодаи тамоку маҳдуд мешавад
Сипас раиси Куми¬таи Маҷлиси мил¬лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология
Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси мил¬лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ-ала¬ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао¬риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Фарҳод Раҳимӣ ба сухан баромада якчанд қонунҳои дигарро ба баррасӣ ва тасдиқи аъзои Маҷлиси миллӣ пениҳод намуданд. Аз ҷумла Фарҳод Раҳимӣ перомуни Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» сухан ронда қайд кард, ки мақсади дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими фаъолият оид ба истеҳсол, воридоту содирот ва фурўши маҳсулоти тамоку ва бо ин васила ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо иборат мебошад. Қонуни мазкур аз 3 боб ва 10 модда иборат буда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд наму¬да¬ни истифодаи маҳсулоти тамоку инчунин, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурўши маҳсулоти тамоку танзим менамояд.

Ба ин қонунҳо ҳам тағйирот ворид шуд
Ҳамчунин мавсуф тағйиротҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак», Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» -ро шарҳу эзоҳ дода ба тасдиқи аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуд.

Назорати суғуртаро Бонки миллӣ анҷом медиҳад

Тавре ки муайян шуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» як қатор навгониҳоро дар ин қонун пешбинӣ менамояд. Қонуни мазкур дар иртибот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №788 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017, №851 «Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Вобаста ба ин ба моддаи 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«- мақоми назорати суғуртавӣ – Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои танзиму назоратро дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ анҷом медиҳад;».
Инчунин қисми 2 моддаи 33 ва қисми 3 моддаи 34 дар таҳрири нав ифода гардиданд, ки тибқи муқаррароти он минбаъд танзиму назорати фаъолияти суғуртавиро Бонки миллии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ – раиси Кумитаи Маҷли¬си мил¬лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳа쬬¬оҳанг-со¬зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на¬мян¬дବгон, ҳо¬ки¬ми¬яти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия¬тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни¬пар¬ламентӣ ва Амирзода Раҳмоналӣ Амир – раиси Кумитаи Маҷлиси мил¬лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия қонунҳои дигари ба баррасии иҷлосися пешниҳодшударо шарҳу эзоҳ доданд. Ҳамчунини аъзои Маҷлиси миллӣ Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» , «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» , «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот» ва дигар қонунҳоро тасдиқ ва қабул намуданд.

Мақоми пойтахт дигар мешавад
Тавре ки М. Имомзода гуфт: “Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ-лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, восита¬ҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо мақсади иҷрои дастуру Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли 2017 баён доштанд, инчунин мувофиқ намудани мақоми ҳуқуқии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва мутобиқ гардонидани функсияву вазифаҳои Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба талаботи рўзафзуни иқтисодию ¬иҷтимоии пойтахти кишвар таҳия ва пешниҳод гардидааст. Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ¬лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, восита¬ҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 октябри соли 2017 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Тибқи қонуни нав, пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе на танҳо маркази сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин маркази иҷтимоӣ, таълимию тарбиявӣ, таърихию фарҳангӣ эътироф шуда, ҷойгиршавии қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва дигар намояндагиҳои дипломатӣ дар он расман эълон шудааст. Аз ҳама муҳим, пойтахт ҳамчун маркази ҷумҳурӣ маҳалли нигоҳдошти нусхаи аслии Конститутсия ва макони тайёр кардани шаклҳои аслии рамзҳои давлатии Тоҷикистон муайян шудааст.

Судяҳо озод ва таъин шуданд
Дар охир Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷли¬си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қироати чандин лоиҳаҳои қарорҳи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон масъалаҳои бозхонд ва таъини судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Тоҷикистонро ба тасдиқи аъзои Маҷлиси миллӣ вогузор кард, ки ҳамаи онҳо ҷонибдорӣ ёфтанд.
Ҳуриннисо Ализода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: