ТАНҲО ХУҚУКШИНОСОН МУДИРОНИ САХШ МЕШАВАНД22-07-2017, 12:40
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Иҷлосии ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати панҷум ин навбат 18 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод. Тавре ки Раҳмон Озода Эмомалӣ, раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои Конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният зимни баррасии тағйироту иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ» қайд кард, акнун тибқи тағйироти тозаворид салоҳияти прокурори нақлиёт ба салоҳияти прокурорҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баробар мегардад. Ҳамчунин мавсуф тағйиру иловаҳои ба қонунҳои дигари кишвар аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия»-ро ташреҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки барои кормандони милитсия шаҳрванди Тоҷикистон будан ҳамакнун як шарти муҳими кор дар мақомот буда, минбаъд ду шаҳрвандӣ ё шаҳрванди кишвари дигар будан асос мешавад, ки чунин ашхос аз мақомоти милиса озод карда шаванд. Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ зимни баррасии Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯйӣ яке аз чорабиниҳои тозаворидро ба ин қонун махсусан зикр карда аз ҷумла гуфт, ки минбаъд ҳангоми амалиёти оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ гирифтани иттилооти компютерӣ тибқи қонун ҳатмӣ мегардад. Фарҳод Раҳимӣ раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар низ шарҳи тағйиру иловаҳои ду қонунро ба аъзои маҷлис барои баррасӣ пешниҳод кард. Минбаъд мутобиқи талаботи нав дар Қонуни ҶТ «Дар бораи ба қайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бояд маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошанд. Маҳмадюсуф Имомзода раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарломонии Маҷлиси миллии ҶТ низ масоили ба се қонуне, ки ба фаъолияти Маҷлиси Олии ҶТ дахл доранд, ба баррасии ин иҷлосия пешниҳод намуда, тағйироти воридшударо васеъ шарҳ дод. Аз ҷумла, масъалаҳои маҳдудиятҳои нисбат ба номзадҳо ба вакилии парлумон хоса талаботи синну солӣ, забондонӣ, шаҳрвандӣ, маъмурият ва ғайраҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Масалан, мутобиқи моддаи 33-и Қонун ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ, касоне, ки шаҳрвандияшон қатъ гардидааст ё шаҳрванди дигар давлатанд, ҳуқуқи мондани номзадии худро ба вакилии Маҷлиси намояндагон ё узви Маҷлиси миллӣ надоранд. Ҳамчунин тибқи тағйироти тозаворид ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ» музди меҳнати раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Тағйироти ба Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсияи ҶТ «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошанд, пешбинӣ менамоянд, ки риоя накардани савганд аз ҷониби аъзои ҳукумат барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани онҳо асоси ҳуқуқӣ мегардад. Ҳамин тариқ, аъзои Маҷлиси миллии МО ҶТ дар ин иҷлосия бо баррасӣ ва қабул кардани қарорҳо якчанд масъалаҳои дигар, аз ҷумла манъ намудани рекламаи пинҳонӣ, иваз намудани номи якчанд маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Ёвон, ба танзимдарории ҳаракати нақлиёт ва ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва дар бораи монополияҳои табииро дида баромаданд. Маҳмадсаид Убайдуллоев – Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ бо ҷамъбасти ин иҷлосия таъкид дошт, ки аъзои Маҷлиси миллӣ тӯли ду моҳи охир масоили муҳими рӯзгори ҷомеаро омӯхта, мавзӯъҳоро барои дар музокираҳои парлумонӣ (парламентские слушание) дида баромадан, пешниҳод намоянд. Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.